Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / РОҲИ ОҲАНИ БУХОРО

РОҲИ ОҲАНИ БУХОРО

РОҲИ ОҲАНИ БУХОРО, хатти роҳи оҳани муқаррариест байни Когон (Бухорои Нав)—Қаршӣ— Тир¬миз ва Қаршӣ — Ғузор — Китоб. Солҳои 1914—1916 сохта шуда, тӯлаш 585 чақрим (626 км) буд. Роҳи оҳани Бухоро аз ҳудуди ноҳияҳои ҷанубу ғарбӣ ва ҷанубу шарқии аморати Бухоро гузашта, мавзеи ҷанубии он — Тирмиз, инчунин шаҳрҳои Бухоро ва Самарқандро бо шабакаи роҳи оҳан Осиёи Миёна мепайваст. Роҳи оҳани Осиёи Миёна (1880—1899) аз қисми шимол аморат мегузашт, ноҳияҳои ҷанубу ғарбӣ ва ҷанубу шарқӣ (Бухорои Шарқӣ) бошанд, аз хатти роҳи оҳан дур буданд. Нақлиёти обии дарёи Аму талаботи минбаъ¬даи рӯзафзуни иқтисодии ноҳияҳои аморатро қонеъ карда наметавонист.

qui5yu15121880697757_b
Ҳукумати подшоҳии рус бо мақсади ба манбаи ашёи хом табдил додани ин воҳа, гирифтани пеши роҳи ҳаракатҳои миллии озодихоҳӣ ва роҳ надодани таҷовузи Англия ба Осиёи Миёна ба сохтмони Роҳи оҳани Бухоро розӣ шуд. Соли 1906 генерал-губернатори Туркистон ба сохтмони роҳи мазкур иҷозат дод, аммо бо cap шу¬дани ҷанги русу япон ва револятсияи якуми рус сохтмони Роҳи оҳани Бухоро муваққатаи мавқуф монд. 15 июни 1912 амири Бухоро Сайид Олимхон бо инженери роҳ А. Н. Ковалевский роҷеъ ба сохтмони Роҳи оҳани Бухоро шартнома баст. Мувофиқи он хатти роҳи оҳан аз стансияи Когон бо роҳи Қаршӣ — Каркӣ, Калиф — Самсоново — Тирмиз ва хатти алоҳидаи Қаршӣ — Ғузор — Китоб идома меёфт. Соли 1913 «Ширкати роҳи оҳани Бухоро» таъсис гардид. Сохтмони Роҳи оҳани Бухоро дар асоси лоиҳа ва таҳти роҳбарии А. Н. Ковалевский баҳори соли 1914 cap шуд. Амири Бу¬хоро ба ивази сохтмони Роҳи оҳани Бухоро ба бепул додани 600 десятина замин ба ҳукумати рус розӣ шуда, 25 фоизи хароҷоти сохтмонро ба уҳда гирифт. Ба сохтмони Роҳи оҳани Бухоро 27 млн сӯм маблағ сарф мешуд. Сохтмони ин роҳ қувваи кории зиёдеро талаб мо-нард. Аз Россия овардани коргарон ба ҳукумати рус гарон меафтид. Бинобар он ҳукумати Бухоро як қисми қувваи кориро ба уҳда гирифт. Мувофиқи маълумоти С. Айнӣ «Шир¬кати роҳи оҳани Қаршӣ» аз амир илтимос намуд, ки раияти бекору бечораи худро ба муздурӣ ва мардикории роҳи оҳан даъват намояд. Во сохтмони Роҳи оҳани Бухоро мардикорони Бу¬хорои Шарқӣ ва Помир (аз Қаротегин 800 нафар маҷбурӣ) иштирок намуданд. Октябри 1914 Роҳи оҳани Бухоро бо қувваи кори таъмин гардид. Аз 4400 нафар қувваи корӣ қариб 3000 нафар коргарон намояндагони халқҳои маҳаллӣ буданд. Соли 1916 миқдори кор¬гарон дар Роҳи оҳани Бухоро баъзан то 8 ҳазор мерасид. Умуман дар сохтмони Роҳи оҳани Бухоро 7 ҳазор коргар иштирок намуд. Дар кори заминкании Роҳи оҳани Бухоро қариб 6500 нафар меҳнаткашони аморат ва 500 нафар русҳо (аз Пенза) ба кор ҷалб карда шуда, 6 ҳазор нафафар мардикорон ҳам иштирок намуданд. Бино ба маълумоти С. Айнӣ дар сохтмони Роҳи оҳани Бухоро асосан деҳқонони безамин, ҳунармандон ва мардикорони Бухо¬рои Шарқӣ иштирок доштанд. Иштироки мардикорон дар сохтмони Роҳи оҳани Бухоро ба ташаккули пролетариати маҳаллии роҳи оҳан мусоидат кард. Дар ин ҷо як қисми мардикорон ба коргарони соҳибихтисос (челонгар, оҳангар ва ғайра) табдил ёфтанд. Дар сохтмони Роҳи оҳани Бухоро дар қатори корга¬рони маҳаллӣ: тоҷикону ӯзбекҳо, инчунин русзо, эрониҳо, тоторҳо, арманҳо, асирони ҳарбӣ (чехҳо, словакҳо, немисҳо, полякҳо ва ғайра) низ кор фармуда мешуданд. Шароити кор ниҳоят тоқатнопазир буд. Ин боиси авҷ гирифтани касалиҳои гузаранда, норозигии коргарони Роҳи оҳани Бухоро гардид. Ноябри 1914 800 нафар корга¬рони аз губ. Пенза маҷбуран овардашуда корпартоӣ карданд. 21 май 1916 коргароне, ки дар наздикии Тир¬миз кор мекарданд, ба хоҳиши маъмурият гӯш надода, аз кор рафтанд. Июни 1916 126 нафар бинокорони роҳ ба саридораи рози оҳани Бухо¬ро нӯҳ талаби асосии дорои характери иқтисодӣ пешниҳод намуданд. Дар муддати солҳои 1915—1916 корга¬рони Роҳи оҳани Бухоро борҳо дар корпартоиҳо иштирок карданд. Сохтмони Роҳи оҳани Бухоро ба ивази душворию қурбониҳои зиёде 15 июни 1916 як сол пеш аз мӯҳлат ба охир расид. Аслан сохт¬мони Роҳи оҳани Бухоро танҳо баъди Револютсияи Ок¬тябр пурра анҷом ёфт.
Дар Бухоро се хатти роҳи оҳан: Закаспий, роҳи оҳани байни Бухорои Кӯҳнаю Нав (Когон) ва Роҳи оҳани Бухоро аз наздикии сарҳади Афғонистон (150 чақрим ё 160 км) гузашта, ду қалъаи сарҳадии аморат (Каркӣ ва Тирмиз), инчунин ноҳияҳои водии Қашқадарё (Ғузор, Шаҳрисабз, Китоб) ва мавзеъҳои Бухорои Шарқиро бо Осиёи Миёна ва тавассути он ба шабакаи умумии роҳи оҳан Россия пай¬васт кард. Роҳи оҳани Бухоро ба манфиати ҳу¬кумати подшоҳӣ бо мақсадҳои ҳарбию сиёсӣ, мустамликавӣ ва майлҳои иқтисодии буржуазияи рус ва феодалони маҳаллӣ бунёд ёфта бошад ҳам, ба тараққии иқтисодиёти
аморати Бухоро, ташаккули пролетариати саноатӣ, болоравии ҳаракатҳои револютсионӣ ва ғайра таъсири му¬ҳим расонд. Роҳи оҳани Бухоро воситаи қулли равобити иқтисодию тиҷоратии байни Россияю, Афғонистон ва Бухорои Шарқӣ гардида, боиси равнақи равнақи дохилӣ ва берунӣ шуд, мавқеи Россияро дар Шарқи Миёна мус¬таҳкам намуд, ба ривоҷу равнақи, ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ, сиёсӣ ва мадании халқҳои маҳаллӣ мусоидат кард.
Ад.: А х м е д ж а н о в а 3. К., К исто¬рии строительства Бухарской железной дороги (1914—16 гг.), «Общественные науки в Узбекистане», 1962, J4* 4; ҳ а- мон м у а л л., К истории строитель¬ства железных дорог в Средней Азии (1880—1917 гг.), Ташкент, 1965; А й н й С., Бухоро инқилоби таърихи учун материаллар, С. Айнӣ. Асарлар 8 томлик, 1 т. Тошкент, 1963; Т у х м е т о в Г. Т. Россия и Бухарский эмират в начале XX века, Д.( 1977. Ю. Бозоров.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …