Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ

РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ

РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ, роҳи корвонгарди қадим ва асрҳои миёна аз Хитой ба мамлакатҳои Осиёи
Миёна ва Осиёи Пеш. Роҳи бузурги абрешим дар асри 2 то мелод, баъди саёҳати хитой Чжан Тсян ба Осиёи Миёна ва Осиёи Пеш, кушода шудааст. Он аз Сиан ба воситаи Ланчжоу ба Дунхуан расида, ба ду роҳ тақсим мешуд: шимолӣ ва ҷанубӣ.

rohi-abreshim

Роҳи шимолӣ аз Турфон ва Помир гузошта, ба Фарғона ва Дашти қазоқ, роҳи ҷанубӣ аз шафати кӯли Лобнор, ва қисми ҷа¬нубии биёбони Такламакон тавассути Ёрканд ва Помир ба Порт, Ҳиндустон ва Шарқи Наздик мерасид. Бо Роҳи бузурги абрешим аз Хитой ба дигар давлатҳо абрешим, оинаҳои биринҷӣ, ба Хитой бошад, маҳсулоти ҳунармандӣ мебурданд. Дар асрҳои 1—2 алоқаҳои дипломатии байни Хитой ва давлатҳои ҳамсоя хеле мустақкам шуданд. Бо Хитой асосан тоҷирояи Осиёи Миёна, ки роли миёнаравиро мебозиданд, савдо мекарданд. Ҳарчанд, ки сайёҳи хитой Ган Ин (97 то мелод) ба халиҷи Форс, Май Титснани Мақдунӣ (100 то мелод ба) Лан¬чжоу расидаанд, вале ба сабаби сахтии роҳ байни Хитой ва Рим алоқаи бевоситаи тиҷоратӣ муқаррар нагардид. Дар ақди Кушониён (асрҳои 1— 2) Роҳи бузурги абрешим аҳамияти байналхалқӣ пайдо кард. Кушониён қисми шарқаи роҳро зери назорати худ гирифта буданд. Дар асрҳои 3—6 роли Роҳи бузурги абрешим паст шуда, бо oн асосан роҳибони буддоия аз Хитой ба Ҳиндустон мерафтанд.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …