Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РОҲИ АВТОМОБИЛ

РОҲИ АВТОМОБИЛ

РОҲИ АВТОМОБИЛ, комплекси иншооте, ки барои ҳаракати нақлиёти автомобили таъин шудааст. Роҳи автомобил вобаста ба миқдори миёнаи шаборӯзии ҳаракати дутарафаи автомобилҳо ба 5 категория тақсим мешавад.


Унсурҳои асосии Роҳи автомобил: қитъаи замин, қисми мошингард, ки асос ва рӯпӯш дорад. Роҳҳои автомобилиро аз асфалту бетон, сементубетон (категорияҳои I— I I I), масолеҳи маъдании бо маснуоти часпаки органикӣ тайёр кардашуда (I I —IV), сангреза, шағалу санг (III—IV), хоки бо маснуоти маъданию часпаки мустаҳкамшаванда (IV—V) рӯпӯш мекунанд. Асоси Роҳи автомобилро аз семент, бетон, санг, регу шағал ва ғайра месозанд. Бо мақсади дар гардиши роҳ таъмин кардани ҳаракати устувори автомобил роҳро ба як тарафи хати миёна тамоил месозанд. Дар миёнаи баъзе роҳҳои автомобили (магист¬рали автомобили) хати мошингузар мавҷуд аст.
Дар РСС Тоҷикистон сохтмони Роҳи автомобил асосан баъд аз Револютсияи Октябр (1929) оғоз ёфт; калонтарини онҳо Роҳи автомобили Помир (баландтарин роҳи кӯҳсори Тоҷикистон), роҳҳои байниреспубликавии Душанбе — Тирмиз, Хоруғ — Уш, Панҷакент — Самарқанд, Ӯротеппа—Хавос, Ленинобод—Тошкент ва ғайра мебошанд.
Дар боркашонии дохилиреспубликавӣ нақлиёти автомобилӣ аҳамияти асосӣ дорад. Тӯли умумии Роҳи автомобил— 12,7 ҳазор км (1980).
Ад.: Б и р у с я А. К., Проектирование автомобильных дорог, ч. 1. М., 1961; Ав-томобильные дороги, М., 1964.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …