Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / РОҲБАРИ СИНФ

РОҲБАРИ СИНФ

РОҲБАРИ СИНФ , муаллимест, ки ба вазифаи ташкилотчии корҳои таълиму тарбиявии ҳаррӯзаи коллективи хонандагони яке аз синфҳои (4—10-уми) мактаби миёнаи маълумоти умумӣ таъин мешавад. Роҳбари синф таъин кардан дар мактаби советӣ солҳои 30 ҷорӣ шуд. Вазифаҳои аоосии ӯро Устави мактаби миёнаи маълумоти умумӣ (1970) муайян мекунад.

ccv

Роҳбари синф бо ҳамкории муаллимон, вожатийҳои пионерй ва гурӯҳи комсомолӣ кори тарбиявӣ мебарад ва аз рӯи талаботи ягонаи педаго¬гӣ амал мекунад. Роҳбари синф бо падару модарон низ кор бурда, меҳнати фоиданоки ҷамъиятӣ ва корҳои беруназсинфии хонандагонро ташкил мекунад. Ғайр аз ин ба кори пиоперону комсомолон ва сустхонҳои синф ёрӣ мерасонад. Дар мактабҳои шабона (ғоибона)и миёнаи маълу-моти умумӣ Роҳбари синф бо корхонаю муассисаҳое, ки дар он талабагон меҳнат мекунанд, робитаи наздик дорад. Дар синфҳои мактабҳои миёнаи махсус ва бисёр мактабҳои касбҳои техникӣ низ Роҳбари синф таъин мешаванд. Роҳбари синфро директори мактаб таъин мекунад.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …