Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «РОҲАТ-УС-СУДУР ВА ОЯТ-УС-СУРУР»

«РОҲАТ-УС-СУДУР ВА ОЯТ-УС-СУРУР»

«РОҲАТ-УС-СУДУР ВА ОЯТ-УС-СУРУР» асари таърихии Наҷмуддии Муҳаммади Ровандӣ, ки соли 1221 таълиф шудааст. «Роҳат-ус-судур ва оят-ус-сурур» ба шарҳи воқеаҳо ва таърихи салтанати хонадони салҷуқӣ (аз ибтидои барқароршавии сулолаи Салҷуқиён то инқирози он) бахшида шудааст. Муаллиф зимни баёни воқеаҳои таърихӣ аз «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ мисолҳо оварда, дар охири асар вазъи сиёсии баъзе шаҳрҳои Мовароуннаҳру Хуросонро баъди истилои Хоразмшоҳиён баён намудааст. «Роҳат-ус-судур ва оят-ус-сурур» дар Лондон (1921), Исфаҳон (1964) чоп ва ба забони туркӣ (1960), руси (1939) тарҷума шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …