Маълумоти охирин

РОҲ

РОҲ, номи муштараки ҳама гуна роҳҳои заминии рафтуомад барои ҳаракати одамон, нақлиёт ва боркашонӣ.
Дар Европа Роҳҳо дар ҳазораи 5 то мелод сохта мешуданд. Одатан Роҳҳои қадим, фарш надоштанд. Роҳҳои ба ҳам пайваст дар Евросиё дар ҳазораи 1 то мелод ба вуҷуд омад. Дар ин замина Роҳҳои байниқитъавии мубодила ва савдо (ба монанди Роҳи бузурги абрешим, Роҳи хилофати араб, ки то Скандинавия мерасид) сохта шудаанд. Дар ҳазораи 2 то мелод дар ҷануби Евросиё ба принсипи устувори планкашии посёлкаю шаҳрҳо шурӯъ карда буданд ва дар рафти сохтмон дар кӯчаҳо ҳаракат кардани нақлиёт низ ба назар гирифта мешуд.

Дар назди чорроҳа ва қад- қади Роҳҳои калон маҳалҳои калони аҳолинишин ба вуҷуд омаданд. Дар охири ҳазораи 3 то мелод Роҳҳои калони мубодила аз қабили «роҳи каҳрабо» (тамоми Европаи Миёнаро бурида мегузашт) сохта шуданд. Аҳамияти Роҳҳои хушкигард вобаста ба дараҷаи инкишофи мубодила ва муносибатҳои мунтазами маданӣ меафзуд. Масалан, дар Шарқи Наздик ва ҳудуди Осиёи Миёна нишонаҳои Pоҳи лоҷвардӣ дида мешаванд, ки тавассути он санги булӯру лоҷвардӣ Бадахшонро аз ҳазораи 4 то мелод cap карда ба бисёр кишварҳои Осиёи Ғарбӣ мебурданд; хеттҳо ва ошуриҳо дар давраҳои нашъунамои давлат ва юришҳои калони истилогарона Роҳҳои нисбатан дароз (бештар Роҳҳои сангфарш) месохтанд. Дар асрҳои 6— 4 то мелод ба ҷои Роҳҳои корвонгарди қадим Роҳҳое ба вуҷуд омаданд, ки ба шабакаи Роҳҳои давлати Ҳахоманишиён дохил мешуданд. Машҳуртарин Pоҳи давлати Ҳахоманишиён «Шоҳроҳ»-е буд, ки аз Эфес то Суз ва Сард тӯл мекашид, сангфарш буд. Дар канораҳои он сутунҳое шинонда буданд, ки ба масофа, корвонсарой ва ғайрп ишора мекарданд. Дар охири ҳазораи 4 то мелод Pоҳи Аппиев (Роҳи сангфарш аз Рим то Ка¬пуи ва Брундизия, дарозиаш қариб 350 км) ба сохтмони пуравҷи Роҳҳои тиҷоратию ҳарбии Рим бунёд гузошт. Роҳҳои римӣ аз сангреза, қайроқсанг ва сангҳои тарошидаи ба маҳлули оҳак хобонидашуда сохта мешуданд. Баробари сарнагун шудани империяи Рим роҳсозӣ дар Европа қатъ гардида, танҳо дар асри 13 аз нав авҷ гирифт. Дар Шветсия, Германия, Англия, Испания, Нидерландия Роҳҳои нав сохта шуданд. Дар Англия ҳадди вазни ароба муқаррар ва қоидаи а як тарафи Роҳ ҳаракат кардани фойтунҳо ҷорӣ кар¬да шуд. Дар асрҳои 15—16 дар Италия шабакаи Pоҳи ҳаракатӣ дутарафаи фойтунҳо ба вуҷуд омад. Ташкили мунтазами алоқаи почта ва одамкашонӣ дар асри 17 боиси тараққии рӯзафзуни роҳсозӣ дар Европа гардид.
Асрҳои 8—10 мелодӣ дар сарзамини Руси Қадим дар давлати Киев якчанд Роҳҳои тиҷоратӣ (асосан обӣ), ки Киевро бо Қрим ва резишгоҳи Дон мепайвастанд, вуҷуд доштанд. Ба¬робари тараққии давлати Рус дар мамлакат шабакаи Роҳҳо ба вуҷуд омад. Соли 1722 бо амри Пётри I сохтмони Pоҳҳи Петербург—Москва («роҳи перспективӣ») cap шуд, ки он ба системаи роҳсозии Россия асос гузошт. Соли 1817 ин Роҳ, ки хокӣ буд, сангфарш карда шуд. Соли 1834 Роҳи Петербург — Москва, ки дарозиаш бештар аз 700 км буд, Шоссеи Мо¬сква ном гирифт.
Охири асри 18 ва ибтидои асри 19 дар ҳамаи мамлакатҳо сохтмони Роҳҳои сангфарш авҷ гирифт. Ғафсии фарши Роҳ аз 1 м то ба 0,24—0,27 м кам шуд. Ихтирои автомобил боиси дигаргунии Роҳҳо гардид. Аз солҳои 20 асри 20 сохтмони шоҳроҳҳои автомобилии асфалтпӯш вусъат ёфт.
Тараққии шабакаи Роҳҳо ба афзоиши истеҳсоли мошинҳо ва масолеҳи на¬ви роҳсозӣ мусоидат намуд. Роҳҳои шаҳрӣ, байнишаҳрӣ ва байнидавлатии ҳозиразамон комплекси иншоотҳои инженерие доранд, ки суръати баланди ҳаракатро таъмин карда, ба борбардории зиёди воситаҳои нақлиёт имконият медиҳанд.
Аввалин роҳи оҳани истифодаи умум солҳои 20 асри 19 дар Британияи Кабир сохта шудааст. Дар Россия сохтмони аввалин роҳи оҳан (Петербург— Сарское Село) соли 1837 ба охир расид.
Тараққии шаҳрҳои калони магистралҳои азими нақлиётидошта, душворшавии ҳаракати рӯизаминии мошинҳо боиси инкишофи роҳҳои оҳани зеризаминӣ — метрополитен ва роҳҳои монорелсии рӯизаминӣ гар¬дид.
Дар РСС Тоҷикистон дар солҳои Ҳокимияти Советӣ Роҳҳои нав сохта шу¬данд. Соли 1925 сохтмони Pоҳи оҳани Самсоново — Тирмиз — Душанбе ва соли 1929 сохтмони Pоҳи автомобилгард cap шуд. Соли 1940 сохтмони Роҳи автомобилгарди Помир ба охир расид. Роҳҳои байниреспубликавии Душанбе— Тирмиз, Хорур — Уш, Панҷакент—Самарқанд, Ӯротеппа—Хавос, Ленинобод — Тошкент ва ғайра сох¬та шуданд. Дар ибтидои панҷсолаи 1-ум республика 1500 км Роҳҳои мошингард дошт. Баъди ба охир расидани сохтмони магистралҳои Роҳи Калони Помир (баландтарин Роҳи кӯҳсори Тоҷикистон) ва Роҳи Душанбе — Ӯротеппа пойтахти рес¬публика бо ҳама районҳо пайваст шуд. Агар дар гузашта Роҳи аз Уш то Хоруғ ва аз Душанбе то Хоруғро корвонҳои боркаш дар 30—40 рӯз мепаймуда бошанд, пас ҳозир ин масофаро автомобил дар 2—3 рӯз тай мекунад. Солҳои 1954—1954 Роҳҳои асосии республика аз нав фарш ва ҳаракити солонаи нақлиёт дар онҳо таъмин карда шуд. Ниг. низ Нақлиёти роҳи оҳан, Haқлиёти автомо¬билӣ.
Ад.: К у д р я в ц е в А. С., Очерки ис¬тории дорожного строительства в СССР, —Дооктябрьский период, М., 1951;
А р ц и х о в с к ий А. В., Средства пере¬движения, дар кит.: Очерки русской культуры 13—15 вв„ ч. 1, М., 1969.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …