Маълумоти охирин
Главная / Техника / РАДИФИ МАСНӮИ ЗАМИН

РАДИФИ МАСНӮИ ЗАМИН

РАДИФИ МАСНӮИ ЗАМИН (РМЗ), аппарати париши кайҳониест, ки ба мадори наздизаминӣ бароварда шудааст. Барои дар чуцин мадор ҳаракат кардани РМЗ суръати онро баробари суръати якуми кайҳонӣ ё худ аз он ҳам зиёдтар кунондан лозим аст. Баландии минималии парвози РМЗ (перигеи мадор) 150— 160 км (чунин баландӣ барои дар атмосфера фаврӣ бартараф карда­ни тормозхурӣ зарур аст) буда, баландии максималии парвози он (апо­геи мадор) садҳо ҳазор км шуда метавонад. Даври гардиш аз рӯи мадор ба баландии миёнаи парвоз вобаста буда, аз 1,5 с то якчанд шаборӯзро ташкил медиҳад. РМЗ-ро дар тадқиқоти илмӣ ва ҳалли масъалаҳои амалӣ истифода мебаранд (масалан, РМЗ-и алоқа, РМЗ-и мотеорологӣ, РМЗ-и навигатсионӣ, РМЗ-и геодезӣ ва ғайра). Киштиҳои кайҳонии пилотдор ва стансияҳои мадорӣ низ мансуби РМЗ-анд.

sputnik

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайҳониро гӯянд, ки сатҳи баранда дорад ва бисёркарата …