Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РЮККЕРТ Фридрих

РЮККЕРТ Фридрих

РЮККЕРТ (Ruckert) Фридрих (16. 5. 1788, Швайнфурт—31. 1. 1866, Косбург), шоири немис, шарқшинос. Аз оилаи адвокат. Пас аз хатми гимназия (соли 1805) ба шаҳри Вюртсбург омада, ба омӯзиши илмҳои филология ва ҳуқуқ шурӯъ кард. Соли 1811 дар Университети йен аз асотири шарқӣ ва юнонӣ дарс гуфтааст. Соли 1818 Рюккерт дар Вена бо роҳбарии шарқшиноси машҳур Ҳаммер-Пургштал забону адабиёти форсӣ, арабӣ ва туркиро
омӯхтааст. Рюккерт забонҳои ҳиндӣ ва хитоиро низ медонист. Рюккерт ҳамчун шоир намояндии романтизми немис буд, вале дар адабиёти немис ӯ чун тарҷумон ва тарғибгари шеъру адаб, шаклҳои шеърии шарқӣ (Ғазал, мақома, рубоӣ) ва муҳаққиқи адабиёти Шарқ машҳур аст. Агар Гёте ва Гердср дар рӯҳияи шеъри шарқӣ асарҳо офарида бошанд, Рюккерт ба шаклҳои шеърии шарқӣ бештар диққат дода, нахустин бор дар шакли ғазал асарҳо офарид. Рюккерт ғазалҳои Ҳофиз («Гулҳои Шарқ», 1822), «Мақомот»-и Ҳарирӣ (2 ҷилд, 1826—1827) «Нал ва Дамаянти»-и Файзии Даканӣ (1828), 26 достон аз «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ (3 ҷилд, 1890—95), ғазалҳои Ҷалол удлини Румӣ ва ғайраро ба забони немисӣ тарҷума кардааст. Аз рӯи тарҷумаи немисии Рюккерт достони «Рустам ва Сӯҳроб»-ро В. А. Жуковский ба забони русӣ тарҷума кард. Тарҷумаҳои Рюккерт хеле озод буда, ба тақлид (татаббӯъ) шабоҳат доранд.
Ад.: Б е р т е л ь с Е. Э., История персидско-таджикской литературы. М., 1960; История немецкой литературы, т. 3, М., 1966.
Р. Деҳотӣ.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …