Маълумоти охирин

РИЗО

РИЗО (арабӣ— розигӣ, мувофиқ будан), дар тасаввуф яке аз зинаҳои такомули рӯҳиро гӯянд, ки зимни он сӯфӣ охирин марҳалаи варзиши ахлоқӣ ва таҳзиби нафсро тай намояд. Дар ин мақом ашёи олами моддӣ дар назари солик моҳияте надорад, умедворие аз ин олам нест ва пеши ӯ ҳар чӣ ояд, хайр аст. Солике, ки ба мақоми Ризо мерасад, ҳатто дар тасодуф бо марг ҳам ризояти худро нигоҳ медорад. Ризо ду навъ аст: яко Ризои илоҳӣ аз бандагон (сӯфиён) ва дигаре Ризои с ӯф и ё н (бандагон) аз ҳақ. Ҳақиқати Ризои илоҳӣ аз иродату каромати ӯ ва ҳақиқати Ризои сӯфиён аз иқомату идомати дастуроти ҳақ иборат аст.
Баъд аз ташаккули тасаввуф дар боби он, ки Ризо аз ҷиҳати мазмун ба мақомот ё ҳол (аҳвол)-и тасаввуф мансуб аст, дар байни муҳаққиқони мутасаввиф баҳсе ба вуҷуд омада буд. Аксар муҳаққиқон Ризоро аз ҷумлаи мақомот, вале асосгузори фирқаи муҳосибӣ Абӯабдуллоҳ Ҳорис ибни Асад ва пайравони ӯ Ризоро яке аз зинаҳои эҳсосоти нафсиву рӯҳии аҳволи тасаввуфӣ медонистанд. Ба ақидаи баъзе муҳаққиқон, Ризо охирии марҳилаи сайру сулуки сӯфӣ буда, баъди он солик ба марҳилаи ҳақиқат мерасад.
Ризо яке аз зинаҳои маърифати тасаввуфӣ буда, заминаи илмӣ надорад. М. Ҳазратқулов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …