Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РИЖКОВ Николай Иванович

РИЖКОВ Николай Иванович

РИЖКОВ Николай Иванович (таВА 28. 9. 1929, деҳаи Дылеевкаи вилояти До¬нетск), ходими партиявию давлатии советӣ. Аъзои КПСС аз соли 1956. Институти политехникии Уралро хатм намудааст (1969). Солҳои 1950—1959 ус¬тои смена, сардори сех, 1959—1965 саркафшергар, ҷонишини директор, 1965—1970 саринженер, 1970—1971 директори заводи мошинсозии Урал ба номи С. Орҷоникидзе ва 1971—1975 директори генералии Иттиҳодияи истеҳсолии «Уралмаш» буд. Солҳои 1975—1979 ҷонишини якуми вазири мошинсозии вазнин ва нақлиётии СССР. Солҳои 1979—1982 ҷо¬нишини якуми раиси Госплани CСCP. Солҳои 1982—1985 котиби КМ КПСС ва мудири шӯъбак КМ КПСС. Аз соли 1985 Раиси Совети Вазирони СССР. Аъзои КМ КПСС аз соли 1981. Аъзои Бюрои Сиёсии КМ КПСС аз соли 1985. Депутати Совети Олии СССР (даъватҳои 9—11). Лауреати Мукофоти Давлатии СССР (1969, 1979). Бо 2 ордени Ле¬нин, ордени Револютсияи Октябр, 2 ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …