Маълумоти охирин

РИВОЯТ

РИВОЯТ (арабӣ-нақл кардани сухан ё хабар аз қавли касе; дос- тон, қисса), ҳикояти даҳонакии халқист, ки дар асоси он образи хаёлӣ (фантастнкӣ) ва тасаввурот қарор дорад; аз тарафи гӯянда ва шуна- ванда он ҳақиқӣ шуморида мешавад. Дар Ривоятҳо аз рӯйдодҳову воқеоти гузашта имрӯза ва оянда сухан меравад. Ривоятҳои халқии тоҷикиро аз ҷиҳати мавзӯъ ба гурӯҳҳои зерин ҷудо кардан мумкин аст: 1) Ривоятҳои топопимӣ — оид ба бунёди шаҳрҳо ва ном гирифтани онҳо, номи мавзеъҳо, дарёҳо, кӯлҳо, чашмаҳо ва ғайра; 2) Ривоятҳои динӣ оид ба пайдоиши мазорҳо, ғорҳо, пайғамбарон, ҷину аҷина, деву парӣ ва ғайра;

books

3) Ривоятҳои таърихӣ ва қаҳрамонӣ оид ба шахсони бузурги таърихӣ ва қаҳрамонони асотирӣ (Ҷамшед, Рустам, Афросиёб, Искандар, Фирдавсӣ, Ибни Сино, Темурмалик ва дигар); 4) Ривоятҳои иҷтимоии хаёлӣ — дар бораи «асри тиллоӣ»; 5) Ривоятҳо дар бораи ҳайвонот, парранда ва хазандагон; 6) Ривоятҳои космогонӣ — дар бораи пайдоиши Замину Осмон, ситорагон ва ғайра. Баъзе Ривоятҳо то имрӯз тавассути осори насри классикии форс-тоҷик — «Самаки айёр», «Ҷомеъ-ул-ҳикоёт*-и Авфӣ, «Бадоеъ-ул-вақоеъ»-и Восифӣ, «Макорим-ул-ахлоқ»-и Хондамир ва ғайра расидаад. Ривоятҳои зиёде аз байни халқ фолклоршиносони тоҷик ҷамъоварӣ кардаанд, ки дар фонди дастхатҳои Шӯъбаи фолклори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи Фанҳои Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон маҳфузанд.
Адабиёт: Дастурамал оил ба чамъ кардани эҷодиёти даҳонакии халк, Сталинобод, 1960; М и р з о е в А., Ҳикояҳо оид ба Ибни Сино ва шахсияти ӯ, дар китоби: Сездаҳ макола, Душанбе, 1977; Ҳакими мум- тоз (нақлу ривоятҳои халқӣ дар бораи Абӯалӣ ибни Сино), Душанбе. 1980; Сурат ва сирати Абӯалӣ ибни Сино, Душанбе. 1980.’
Д. Обидов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …