Маълумоти охирин

РИТМ

РИТМ, з а р б ва андозаест дар мусиқӣ. Ҳар як асари мусиқӣ Ритми худро дорад. Ритми асари мусиқиро аз ибтидо то интиҳо дар андозаи зарб (усул)-и муайян нигоҳ медорад. Ритм аз ҷиҳати сохт ва шакл чанд хел мешавад; суст, миёна ва шӯх (рақсӣ). Дар мусиқӣ Ритмро бо аломатҳои 2/4, 3/4, 4/4, 5/4, 6/8, 7/8 ва ғайра ишора мекунанд. Масалан, Ритми сурудҳои суст ва ҳазин аломатҳои 2/4, валсӣ 3/4, миёна 4/4, 5/4 ва шӯх 6/8, 7/8-ро доранд.

ritm-surud
Дар мусиқии миллии тоҷик Ритмҳои гуногун бисёранд. Баъзаи дар як асар (хурд ё калон). Ритмҳо иваз мешаванд (гоҳ суст, гоҳ тез). Ин ҳолатҳо бештар дар «Шашмақом» мушоҳида мешаванд (ҳангоми аз як тарона ба таронаи дигар гузаштан). Дар «Шашмақом», «Сарахбор» бо Ритми 2/4, «Талқинча* — 3/4, «Қашқарча» — 4/4, «Соқинома» — 4/4, «Уфар»—6/8, 1«Савт>—5/4 иҷро мегардад. Ба ибораи дигар, Ритм суръати зарбро идора мекунад. Нигаред низ Зарб, Усул. И. Раҳимов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …