Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РИТХЭУ Юрий Сергеевич

РИТХЭУ Юрий Сергеевич

РИТХЭУ Юрий Сергеевич (таваллудаш 8. 3. 1930, посёлкаи Уэлени округи миллии Чукотка), нависандаи советии чукч. Аъзои КПСС аз соли 1967. Ба забонҳои чукчӣ ва русӣ менависад. Аз оилаи шикорчӣ. Дар факултети адабиёти Университети Ленинград таҳсил кардааст (1949—1954). Асарҳояш аз соли 1947 нашр мешаванд. Дар эҷодиёти Ритхэу ҳаёти гузашта ва ҳозираи чукчҳо ва ба маданияти сотсиалистӣ омадани онҳо инъикос ёфтааст: маҷм. ҳикояҳои «Мардуми мо» (1953), «Номи инсон» (1955), «Достони чукчӣ» 056) ва ғайра; асари сегонаи «Айёми об шудани барф» (1938—1967), романҳои «Дар водии Харгӯшчаҳо» (.1962), «Айвангу» (1964), «Зеботарини киштиҳо» (1967), «Хоб дар аввали туман» (1969), «Барфрезаи остона», «Духтари гарпунандоз», «Яхбандӣ дигар нест» (1977), повестҳо, очеркҳо, маҷм. шеърҳо, киностсенарияҳо. Асарҳои Ритхэу ба бисёр забони халқҳои СССР ва хориҷӣ тарҷума гардидаанд. Бо ордени «Нишонӣ -Фихрӣ» мукофотонпда шудааст.
Ос.: Когда киты уходят. Повести и рассказы, Ленинград, 1977; Белые снега, М., 1980.
Ад.: Варламова И., Обаяние достоверности, ж. «Новый мир», 1970, М 8.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …