Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «РИСОЛАТ-УШ-ШАРАФИЯ»

«РИСОЛАТ-УШ-ШАРАФИЯ»

«РИСОЛАТ-УШ-ШАРАФИЯ» рисолаи мусиқӣ. Номи пуррааш «Рисолат-уш-шарафия фил нисб-ит-таълифия» аст. Ба қалами мусиқишиноси номӣ Сафиуддин Абдулмӯъмини Урмавӣ мансуб аст. Рисолат аз 5 мақола иборат аст, роҷеъ ба масъалаҳои назариявии мусиқӣ баҳс менамояд. Мақолаи аввал масъалаҳои умумии илми мусиқӣ, моҳияти он, тафсири савт, пайдоиши асвоти мусиқӣ, нисбати абъод (бӯъд-фосилаҳо) ва тарзи истихроҷи онро дар бар мегирад. Мақолаи дуюм ба шарҳи жонсонанс (муттафиқ), диссонанс (мутанофир) ва савти мусиқӣ бахшида шудааст. Муаллиф барои тақвияти фикраш аз рисолаҳои мусиқии Форобӣ ва Ибни Сино иқтибосҳо овардааст. Мақолаи сеюм аз боби зиҳефи бӯъдҳо (фоси-лаҳо), истихроҷи ҷинсҳо (қаторовозҳо) ва бӯъдҳои васат баҳс мекунад. Урмавӣ зимни таҳлили зиҳофи фосилаҳо бисёр шоха ва аркони ир-тиботи шеъру мусиқиро тадқиқ менамояд. Дар мақолаи чорум бошад, тартиби ҷинсҳо, табақоти бӯъдҳо ва насбҳои ададиро мавриди баррасӣ қарор додааст. Мақолаи панҷум ба мавзӯъҳои иқоъ (зарб), нисбати он ба адвор ва кайфияти истихроҷи алҳон (лаҳнҳо) бо санъати илми (саноати илмия) бахшида шудааст. Ба забони туркӣ ва баъзе забонҳои хориҷӣ тарҷума шудааст. Нусхаҳои бисёраш дар китобхонаҳои ҷаҳон маҳфузанд. Масалан, яке аз нусхаҳои қадимии он, ки соли 1294 китобат шудааст, дар китобхонан Берлин маҳфуз аст. А. Раҷабов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …