Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «РИСОЛАИ ҚУШАЙРИЯ»

«РИСОЛАИ ҚУШАЙРИЯ»

«РИСОЛАИ ҚУШАЙРИЯ» – асари маъруфи суфии асрии 11. Абулқосими Қушайрист. Дар солҳои 1059—60 ба забони арабӣ навишта шудааст. Ба таъбири худи Қушайрӣ «Рисолаи қушария» дастуре барои соликони роҳи тариқат мебошад. «Рисолаи қушайрия» аз ду фасл ва панҷоҳу чаҳор боб иборат аст. Дар фасли аввал ақидаҳои сӯфиён роҷеъ ба усули тасаввуф, тавҳид ва сифатҳои сӯфиён баён шудаанд. Фасли дуюм натиҷа ва хулосаҳои фасли аввал аст. Дар «Рисолаи қушайрия» шарҳи ҳол ва нақли афкори 83 намояндаи машҳури аҳди аввали тасаввуф (аз Иброҳими Адҳам то Ибни Атои Рудборӣ) зикр шудааст. Қушайрӣ ҳамчунин дар охири рисолааш дар бораи якчанд сӯфиёни муосираш низ маълумот додааст. Муаллиф зимни шарҳи таъбироти тасаввуфӣ намунае чанд аз таълимоти аҳли тасаввуф низ овардааст. Дигар бобҳои «Рисолаи қушайрия» аз аҳвол, мақомот, одоб, муомилот, ахлоқ ва анъанаи тасаввуф баҳс мекунад. Ҳамчунин масъалаҳои тариқати сӯфия, киромоти онҳо ва дигар маъ-лумот роҷеъ ба силсилаи тасаввуф таъбиру таъвил шудаанд. «Рисолаи қушайрия» яке аз маъхазҳои муҳиму мӯътабари таърихист.
Бино ба маълумоти муҳаққиқони асрҳои миёна, Қушайрӣ ҳангоми навиштани рисолааш аз асари устодаш Абдурраҳмони Суламӣ «Табақот-ус-сӯфия» истифода намудааст. Мегӯянд, ки Шайх Аттор ҳангоми «навиштани вТазкират-ул-авлиё» аз «Рисолаи қушайрия» истифода кардааст. Шояд Чуллобии Ҳаҷвирй низ зимни таълифи «Кашф-ул-маҳҷуб-ли арбоб-ил-қулуб» аз он ғизои маънавӣ гирифта бошад.
Намунаи зиёди матнҳои забони форсии «Рисолаи қушайрия» дар Эрону Ҳиндустон ва дигар кишварҳо ба табъ расидаанд. М. Хазратқулов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …