Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «РИСОЛАИ ШАШМАҚОМ»

«РИСОЛАИ ШАШМАҚОМ»

«РИСОЛАИ ШАШМАҚОМ» асари ИлмИст оид ба мусиқӢ, яке аз таълифоти нисбатан мукаммал оид ба «Шашмақом», ки дар асри 18 китобат шудааст. Муаллифаш номаълум. «Рисолаи Шашмақом» аз шаш боб иборат буда, бо усули рисолаҳои анъанавӣ навишта шудааст ва асосан таркиботи таронавӣ (овози)-и «Шашмақом»-ро мавриди таҳқиқ қарор додааст. Фасли аввал ба мақоми«Наво» бахшида шуда, пас аз муқаддимаи кӯтоҳе шӯъбаҳои таронавии он« «Сувораи Наво»; «Амалоти Наво», «Талқини Наво», «Талқини насри Наво» ва ғайра оварда шудаанд. Фасли дуюм мақоми «Дугоҳ» ва шӯъбаҳои таронавии он: «Таронаи аввали Дугоҳ», «Насри Дугоҳ», «Ҳусайнии Дугоҳ» ва ғайраро дар бар мегирад. Дар фасли сеюм мақоми «Сегоҳ» ва шуъбаҳои таронавии он «Талқини Сегоҳ», «Насри Сегоҳ», «Наврӯзи- ҳоро», «Амалоти Сегоҳ» ва ғайра, дар фасли чорум мақоми «Рост» ва шуъбаҳои таронавии он: «Таронаи аввали Рост», «Амалоти Рост», «Сувораи Рост» ва ғайра мавриди таҳлил қарор гирифтаанд. Фасли панҷум ба мақоми калонтарини «Шашмақом» — «Бузург» (Бузрук) ва шӯъбаҳои таронавии он: «Таронаҳои 1—4»,. «Амалоти Бузург», «Талқиии Бузург», «Насри Бузург» ва ғайра, фасли охирини рисола ба мақоми «Ироқ» ва шӯъбаҳои таронавии он: «Таронаи аввали Ироқ», «Амалоти Ироқ», «Сувораи Ироқ» ва ғайра бахшида шудаанд. Дар «Рисолаи Шашмақом» баробари шарҳи мухтасари мақомҳо ва шӯъбаҳои таронавии он матни ғазалу шеърҳо низ оварда шудаанд. Як нусхаи мукаммали «Рисолаи Шашмақом», ки бо хати настаълиқ навишта шудааст, таҳти рақами 1312 дар захираи дастнависҳои Иститути шарқшиносии Академияи Фанҳои Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон маҳфуз аст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …