Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «РИСОЛАИ ҚОФИЯ» таълифи Абдурраҳмони Ҷомӣ

«РИСОЛАИ ҚОФИЯ» таълифи Абдурраҳмони Ҷомӣ

«РИСОЛАИ ҚОФИЯ» таълифи Абдурраҳмони Ҷомӣ, ки муаллиф онро дар муқаддима «Мухтасари вофӣ ба қавоиди қавофӣ» гӯён шарҳ додааст; номи дигараш «Р и с о л а т-у л-в офия ф ӣ илми л-қ о ф и я». Бештар бо номи «Риссолаи қофияи М у л л о Ҷомӣ» машҳур аст. Ин асари мухтасари пурмазмун ҳамчун хулосаи танқидии масъалаҳои қофия дар назми форс-тоҷик ба назар мерасад. «Рисолаи қофия» ба забони тоҷикии содда ба сифати дастур барои омӯхтани нозукиҳои асосии қофиясанҷӣ эҷод шудааст. «Римолаи қофия» 8 фасли мух-тасар дорад. Баъд аз муқаддима Ҷомӣ менависад: «Бидон, ки қофия дар урфи шуарои Аҷам иборат аст аз тамоми он чӣ такрори он дар охири ҷамеи абёт воҷиб бошад ё мустаҳсан, ба шарти он ки мустақил набошад дар талаффуз, балки ҷузъи калима бошад ё ба манзилаи ҷузв. Баъзе тамоми калимаи охирро қофия гуфтаанд ва баъзе ҳарфи равиро». Сипас нӯҳ ҳарфи қофия ва номи ҳар яки онҳо бо мисолҳои манзум, хусусияти овозҳои гуногун дар мавриди ин ё он ҳарфи қофия ва баъзе хулоса ва тавсияҳо низ оварда мешаванд (масалан, «Пас аҳсан, балки воҷиб ‘Он аст, ки маъруф ва маҷҳулро дар як шеър ҷамъ наку-нанд»). Инчунин дар бораи ҳаракоти қофия ва номҳои хоси онҳо низ сухан меравад. Ҷомӣ ба масъалаҳои фарқияти қофиябандӣ дар шеъ-ри форс-тоҷик ва шеъри араби низ диққат додааст. Фасли ҳафтуми рисола аз нуқсонҳои қофия («уюби қофия») баҳс мекунад, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: «Синод — ихтилофи ридф аст, чунон ки «за-мон» ва «замин»-ро дар як қофия ҷамъ кунанд. Ва шуарои араб их-тилофи ридфро дар «вов» ва «ё» ҷоиз медоранд, «амуд» ва «амид» -ро дар як шеър меоранд ва ин дар ашъори эшон бисёр аст». Дар фасли ҳаштум («Хотима») доир ба қофияҳои маъмул ва ғайри маъму-ли шеъри форс-тоҷик сухан меравад. «Рисолаи қофия» намунаи асари илмии танқидӣ ва таълимӣ буда, дар адабиётшиносии форс-тоҷик мавқеи намоён дорад. В. Капранов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …