Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «РИСОЛАИ НАҒАМОТ»

«РИСОЛАИ НАҒАМОТ»

«РИСОЛАИ НАҒАМОТ» рисолаи мусиқист. Муаллифаш но- маълум. Асри 19 дар Бухоро бо забони тоҷикӣ таълиф шудааст. «Рисолаи нағамот» аз муқаддима ва 4 фасл иборат аст, ки дар бораи назарияи мусиқӣ, санъати нафиса ва ҷиҳатҳои бадеию эстетикии мусиқӣ, 12 мақом, хизмати ҳофизону санъаткорон дар тартиб ва такмили мақомҳо, шарҳи 24 шуъба, тарзи ҳосил кардани ҳар шуъба, ҷадвали ҷойгиршавии шӯъбаҳо дар таркиботи мақомҳо, маҳалли иҷрои ҳар мақом ва доир ба созҳои маъмули мусиқӣ: танбӯр, чанг, рубоб, қонун, нузҳат, қобуз, ғижжак, барбат, чағона, сетор, даф, таблак, най, карнай, сурнай ва ғайра маълумот медиҳад. Зимни ин маънои луғавии ҳар сози мусиқӣ тафсир ёфтааст. Нусхаи мукаммали «Рисолаи нағамот» дар захираи дастнависҳои шарқии Шӯъбаи ленинградии Академияи Фанҳои Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик АФ СССР таҳти рақами С 1861-маҳ-фуз аст. А. Раҷабов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …