Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «РИСОЛАИ МУСИҚӢ» асари Мирзобой

«РИСОЛАИ МУСИҚӢ» асари Мирзобой

«РИСОЛАИ МУСИҚӢ» асари мусиқии Султон Абулҳасан Алӣ ибни Мусои Ризо, машҳур ба Мирзобой. Ба забони форсӣ соли 1602 навишта шудааст. «Рисолаи мусиқӣ» монандн дигар асарҳои мусиқӣ анъанавӣ буда, муаллиф дар ҳалли масъалаҳои илмию назариявии мусиқӣ аз таснифоти Сафиуддини Абдулмӯъмин, Абдулқодири Гӯянда (Мароғӣ),’Абдурраҳмони Ҷомӣ, Кавкабии Бухороӣ ва дигар истифода бурдааст. Масъалаи муҳиме, ки дар рисолаи Мирзобой тадқиқ шудааст, ин мақомҳо («Дувоздаҳмақом») ва таркиботи он аст. «Рисолаи мусиқӣ» аз ду фасл иборат аст. Фасли аввал «Дар баёни пайдоиши оҳангҳои маъмуль» буда, доир ба пайдоиши оҳанг ва 33 ‘оҳанги маъмуль ахбори муҷаз медиҳад. Дар фасли дуюм «Дар баёни интиқол ва адвори зуруб» таркиботи зарб, сохти усул, авзони шеъру мусиқь ва амсоли ин таҳқиқ шудааст.

«Рисолаи мусиқӣ»-и Мирзобой дар захираи дастнависҳои Институти шарқшиносии Академияи Фанҳои Республикаи Советии Сотсиалистӣ Озарбойҷон таҳти рақами 234 А маҳфуз аст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …