Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «РИСОЛАИ МУСИҚӢ» асари Абдурраҳмони Ҷомӣ

«РИСОЛАИ МУСИҚӢ» асари Абдурраҳмони Ҷомӣ

«РИСОЛАИ МУСИҚӢ» асари машҳури Абдурраҳмони Ҷомӣ доир ба мусиқист. «Рисолаи мусиқӣ» аз муқаддима, ду қисм ва хотима иборат аст. Муқаддима дар хусуси пайдоиши мусиқӣ ва шарҳи исти-лоҳи «мусиқӣ» маълумот медиҳад. Ҷомӣ пайдоиши савту овозро, ки рукни асосӣ ва ибтидоии мусиқист, из ҷиҳати илмӣ асоснок намуда, таъкид менамояд, ки савт ва овоз дар натиҷаи эҳтиёҷи ба якдигар фикрбаёнкунии одамон ба вуҷуд омадааст. Қисми аввал ки «Дар ил-ми таълиф» ном дорад, доир ба нағма, овоз, нақарот, садоҳои зеру бам, бӯъд, лаҳн, тақсимоти пардаҳо, мураттабии бӯъду ҷинсҳо ва ташкили ҷамъу мақом, қаторовозҳои уд ва дувоздаҳ мақоми машҳур маълумот медиҳад. Қисми дуюми рисола «Дар илми иқоъ» ном дошта, дар хусуси иқоъ, рукнҳои иқоъ, иқоъҳои маъмул, муносибат ва наздикии мусиқӣ бо шеъру вазн сухан меравад.
Хотима аз таъсири эмосионалии созу оҳанг баҳс мекунад. Дар он омадааст, ки ҳар мақом, шуъба ба шунаванда ба тарзи гуногун таъсир мекунад. Агар мақомҳои «Ушшоқ», «Наво», «Бӯслик» ҳисси бардамӣ ва ҷасоратро бедор кунанд, шӯъбаҳои «Моҳур», «Наҳованд» ин гуна таъсир надоранд; мақомҳои «Рост», «Ироқ» ва «Исфаҳон» ба шунаванда ҳисси шодию сурур ва фараҳ мебахшанд, мақомҳои «Бузург», «Зарафганд», «Раҳовӣ», «Зангӯла» холо хазину таъсирбахшанд, мақомҳои «Ҳиҷоз»-у «Ҳусайнӣ» ҳам шӯху сабук ҳам вазнину маҳзун садо медиҳанд. «Рисолаи мусиқӣ» соли 1960 аз рӯи фотонусхаи дастнависӣ куллиёти Ҷомӣ, ки соли 1502 китобат шудааст ва ҳоло он нусха дар китобхонан Институти шарқшиносии Академияи Фанҳои Республикаи Советии Сотсиалистии Ӯзбекистон маҳфуз аст, ба ҷоп тайёр карда шуд. Дар кори интишор ва ба русӣ тарҷума наму-дани китоб А. Н. Болдҷрев саъй ва фаъолияти нишон дод. Инчунин, шарҳи илмие, ки доир ба рисола аз тарафи В. М. Беляев навишта шудааст, барои пурра фаҳмидани мазмуни асари Ҷомӣ ёрӣ мерасонад. Вай схемаҳои пайдоиши мақому шӯъбаҳо, гурӯҳи лаҳну савту оҳанг ва тарзи ифодаи онҳоро дар адвор шарҳ додааст. Ғайр аз ин, дарозӣ ва кӯтоҳии савту рукнҳо, аксу авҷи овоз, истифодаи нақарот ва ғайраро, ки Ҷомӣ нишон додааст, В. М. Беляев дар нотаи имрӯза ифода кардааст.
У. Тоиров.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …