Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «РИСОЛАИ МАҚОМОТ»

«РИСОЛАИ МАҚОМОТ»

«РИСОЛАИ МАҚОМОТ» рисолаи мусиқист. Асри 17 муаллифи номаълуме дар Бухоро ба забони тоҷикӣ таълиф кардааст. Аз сарчашмаҳои нодири хаттист роҷеъ ба қисмати овозӣ (таронавӣ) -и «Дувоздаҳмақом». «Рисолаи мақомот» муқаддима, се боб ва шаш фаслро дар бар мегирад. Муқаддимаи рисола ба тафсири овозаҳо. 12 мақом, шӯъбаҳо ва назми он бахшида шудааст. Фасли аввал «Дар баёни ҳафтдаҳ усули муслқӣ» ном дорад, ки аз хусуси чор навъи даврҳои мусиқӣ маълумот медиҳад. Фасли дуюм масъалаҳои таркиботи усулии шӯъбаи «Аширон» ва шохаҳои таронавии онро дар бар мегирад. Дар фасли сеюм, ки ба мақоми «Ироқ» бахшида шудааст, баробари тафсири усули «Ироқ» таркибҳои овозии он ва чандин амалҳое, ки ба ин мақом муносибат доранд, бо усулу матнҳо шарҳ ёфтаанд. Дар фаслҳои чорум, панҷум ва шашум масъалаҳои шо-хаҳои шӯъбаи «Баёт», шӯъбаҳои «Мухолиф», «Сегоҳ», шӯъбаҳои ово-зии мақоми «Рост» ва шаклу навъҳои мусиқие, ки дар усули ин ма-қом тасниф гардидааст, баён ёфтаанд. «Рисолаи мақомот» аз аввалин маъхазҳои хаттии мусиқист, ки дар он қисми таронавии «Дувоздаҳмақом» махсус мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст. Нусхаҳои ин рисола дар захираи дастнависҳои шарқии Академияи Фанҳои Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Сотсиалистических Республик СССР таҳти рақамҳои В 2408, 1997 маҳфуз аст. А. Раҷабов,

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …