Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «РИСОЛАИ ЛАВОЕҲ»

«РИСОЛАИ ЛАВОЕҲ»

«РИСОЛАИ ЛАВОЕҲ» асари намояндаи тасаввуфи асри 12 Айнулқузоти Ҳамадонист. Ба забони форсӣ-тоҷикӣ солҳои 1127—28 таълиф шудааст. Аз 201 фасл иборат буда, масъалаҳои ишқи ирфонӣ ва ақоиди пантеистии мутафаккирро дар бар гирифтааст. Бино ба маълумоти баъзе муҳаққиқони муосир муаллифи «Рисолаи лавоэҳ» аз «Савоноҳ»-и Аҳмади Ғазолӣ илҳом гирифтааст. Таҳлили асар нишон медиҳад, ки Айнулқузоти Ҳамадонӣ ҳангоми баёни бисёр масъалаҳои тасаввуф ва афкори пантеистӣ аз далелу бурҳонҳои гузаштагонаш васеъ истифода бурдааст. Забони «Рисолаи лавоэҳ» хеле соддаву равон ва ба насри мусаҷҷаъ монанд буда, беҳтарин намунаи осори насрии асрҳои 11—12 ба шумор меравад. И. Умаров.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …