Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «РИСОЛАИ АБУҲАФСИ СУҒДӢ»

«РИСОЛАИ АБУҲАФСИ СУҒДӢ»

«РИСОЛАИ АБУҲАФСИ СУҒДӢ» аввалин фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ-форсии дарӣ, ки ба мо нарасидааст. Таъли- фаш тахминан ба нимаи якуми асри 10 (рост меояд. Азбаски дар фар- ҳангҳои «Маҷмаъ-ул-фурс»-и Сурурӣ ва «Фарҳанги Рашидӣ» аз «Рисолаи Абуҳафси Суғдӣ» чанд иқтибос овардаанд, гумон меравад, ки он то асри 17 ба фарҳангнависон дастрас будааст. Аз иқтибосҳо бармеояд, ки « Рисолаи Абуҳафси Суғдӣ » шарҳи калимаҳои тоҷикӣ — форсии дарӣ ва мисолҳои аз ашъори шоирони Мовароуннаҳру Хуросон (Рӯдакӣ, Абӯҳафси Суғдӣ, Мунҷик ва дигар)-ро дар бар мегирифтааст. Беҳтарин ва эътимодноктарин фарҳангҳои форсӣ-тоҷикӣ («Луғати фурс»-и Асадии Тӯсӣ, «Сиҳоҳ-ул-фурс»-и Муҳаммад ибни Хиндушоҳи Нахҷувонӣ, «Фарҳанги Ҷаҳонгирӣ», «Фарҳанги Ра- шидӣ» ва ғайра) аз рӯи принсипҳои « Рисолаи Абуҳафси Суғдӣ » тасниф шудаанд.
В. Капранов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …