Маълумоти охирин

РИСОЛА

РИСОЛА (арабӣ — фиристодашуда, нома, мактуб), асари начандон калони илмии назариявӣ, ки аз як масъалаи илмӣ ва қонуниятҳои як илм — математика, астрономия, химия, тиб, арӯз, қофия, бадеъ, мусиқӣ ва ғайра баҳс мекунад. Рисолаи илмиӣ дар таърихи илму адаби форс-тоҷик ба забонҳои арабӣ ва тоҷикӣ, мах-сусан, аз асри 10 маъмул гардид. Дар ин бобат хидмати Абуалӣ ибни Сино (980—1037) бузург аст. Ӯ дар илмҳои тиб, фалсафа, мантиқ, ки-миё, тафсир, мусиқӣ, забон, адабиёт як силсила Рисолаҳо («Рисолаи нафс», «Рисолаи наба», «Рисолаи Фирдавс», «Рисолаи кимиё», «Рисолаи ишқ», «Рисолаи илми пешин ва барин», «Рисола дар адли подшоҳӣ», «Рисолаи арӯз» ва ғайра) таълиф намуда, бо ин восита системаи донишҳои илмиро барои наслҳои оянда муайян намуд.

books
Пас аз Абӯалӣ ибни Сино Рисолаҳои зиёде ба майдон омаданд. Рисолаҳои Умари Хайём («Рисолаи мушкилоти ҳисоб», «Рисолаи ҷабр» ва ғайра), Насируддини Тӯсӣ («Рисола дар расму реши подшоҳони қадим ва тарзи гирифтани молиёт», «Рисола дар тақвим ва ҳаракати афлок», «Рисола дар таҳқиқи қавси кузаҳ» ва ғайра), Абдурраҳмони Ҷомӣ («Рисолаи қофия», «Рисолаи арӯз», . «Рисолаи мусиқӣ ва ғайра), Аҳмади Дониш («Рисола дар табаддул ва тағайюри давлатҳо ва қирон-ул-айн», «Рисола ё худ мухтасаре аз таърихи салтанати хонадони манғития» ва ғайра) аз ҷумлаи Рисолаҳои беҳтарин мебошанд. Абдулвоҳиди Ҷузҷонӣ «Рисолаи саргузашт»-ро дар боби рӯзгори Ибни Сино офарида, ба Рисолаҳои тарҷумаиҳолӣ асос гузошт.
Ин Рисолаҳо барои навиштани таърихи пайдоишу ташаккули илми тоҷик аз маъхазҳои зарурианд. Олимону нависандагони классик асарҳои начандон калони бадеии худро низ гоҳо Рисола гуфтаанд («Рисолат-ут-таир» ва «Рисолаи Ҳай ибни Яқзон»-и Абӯалӣ ибни Сино, «Рисолаи дилкушо» ва «Рисолаи сад панд»-и Убайди Зоконӣ ва ғайра). Дар адабиётшиносии советии тоҷик асарҳои илмие, ки ба тадқиқи ҳаёт ва эҷодиёти як шоир (масалан, асарҳои Садриддин Айнӣ «Дар бораи Фирдавсӣ ва «Шоҳнома»-и ӯ», «Шайхурраис Абӯалӣ Сино», «Устод Рӯдакӣ» ва ғайра) ва ё як масъалаяиадабиёт мансубанд, инчунин диссертатсияҳои номзадӣ ё докторӣ бо унвони Рисола ёд ме-шаванд. Ба ин маъни ҳоло нисбат ба асарҳои калонҳаҷми тадқиқотӣ, ки ба як масъалаи илмӣ оиданд, ба ҷои Рисола истилоҳи монографияро ҳам ба кор мебаранд.
Адабиёт.:. М и р з о е в А., Ҳикоятҳо оид ба Ибни Сино ва шахсияти ӯ, Сталинобод, 1953; Ҳодизода Р., Шукуров М., Абдуҷабборов Т., Фарҳанги истилоҳоти адабиётшиносӣ, Душанбе, 1966; Султ о н о в У., Акидаҳои фалсафӣ, иҷтимоӣ ва ахлокии Абӯалӣ ибни Сино, Душанбе, 1976; Абӯалӣ ибии Сино, Осори мунтахаб, ҷилдҳои 1—2, Душанбе, 1980,
С. Имронов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …