Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РИШТИН Садиқуллоҳ

РИШТИН Садиқуллоҳ

РИШТИН Садиқуллоҳ (соли таваллуд 1917, деҳаи Ғозиободи вилояти Нанграҳор), шоир, нависанда, олим ва арбоби давлатию ҷамъиятии афғон. Дар оила савод бароварда, маъ умоти миёнаро дар мактаби Наҷмулмадорис гирифтааст. Соли 1939 мадрасаи Дорулулуми арабиро хатм намуда забонҳои арабию англисиро ба хубӣ аз худ кардааст. Аз соли 1942 cap карда дар вазифаҳои маъмурию давлать кор кардааст. Солҳои 1951—1956 президент Академияи улуми Афғонистон, профессори Университети Кобул ва ғайра буд. Риштин борҳо ба Ҳиндӯстону Покистон, Эрону мамлакатҳои араб, СССР ва ғайра сафар кардааст. Асарҳои «Шоирони афғонӣ» (ҷилдҳои 1—2), «Таърихи адабиёти пушту» (1946), «Грамматикаи аввалини за¬бони пушту», «Зиндагии нав» (ба забони дарӣ), «Қиссаҳои афғонӣ», «Сафари Ҳинд», «Сафари Қатағаи» (очерк), «Сурудҳои зиндагӣ», «Бознома»-и Хушҳолхони Хаттак», «Воқеоти Пуштунистон», «Адабиёти пушту», «Насри пушту», «Наздикии забони пушту ва санскрит», «Пуш¬ту пистон ва афғон» »ва «Калиди пушту» (китоби дарсӣ барои мактабҳои миёна) ба қалами Риштин тааллуқ доранд. Ба ҷуз ин асарҳои зиёде роҷеъ ба забон, адабиёту фолклор, таъриху фалсафа ва ғайра дорад.
Ш. Орифов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …