Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РИШТИЁ —Саидқосим

РИШТИЁ —Саидқосим

РИШТИЁ —Саидқосим (таваллуд 1915, Кобул), нависанда, олим ва арбоби давлатии афғон. Дар литсейҳои Ҳабибия ва Истиқлол таҳсили илм кардааст. Чанд сол дар идораи почта ва телеграфи Афғонистон тарҷумон буд. Риштиё дар вазифаҳои муҳаррири маҷаллаи «Кобул» (1937— 1940), сардори Агентии телеграфии «Бохтар» (1951—1955) ва сардори идораи матбуот кор кардааст. Риштиё забонҳои пушту, дарӣ, англисӣ ва франсавиро ба хубӣ медонад. Асарҳои Виктор Гюго, Жан Жак Руссо, Ги де Мопассан ва дигаро ба забонҳои пушту ва дарӣ тарҷума кардааст. Мақолаҳон ӯ роҷеъ ба таърих, фалсафа ва адабиёт дар маҷаллаҳои «Оинаи ирфон», «Ирфон», «Ориёно», «Кобул» ба табъ расидаанд. Асари таърихии у «Афғонистон дар қар- ни XIX» (1950; тарҷумаи русӣ, Москва, 1958) сазовори ҷоизаи Хушҳолхони Хаттак гардидааст.
Адабиёт: Г и р с Г. Ф., Современная художественная проза на пушту в Афганистане, Москва„ 1958. Ш. Орифов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …