Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Рисал-и-Алонсо Хосе

Рисал-и-Алонсо Хосе

РИСАЛ, Рисал-и-Алонсо Хосе (19. 6. 1861, Каламба, музофоти Лагуна — 30. 12. 1896, Манила), қаҳрамони миллӣ ва маорифпарвар, нависанда ва олими Филиппин. Дар Университети Манила, дар Испания ва Германия таҳсил кардааст. Ҳамчун духтур, зоолог, этнограф, забоншинос ва муаррих, шоир ва нависанда, ҳайкалтарош ва рассом машҳур аст. Роман ва памфлетҳои сиёсии Рисал ба бедор шудани худшиносии миллии зиёиёни Филиппин мусоидат кардааст. Рисал дар асарҳои илмиаш ҳамчун инсонпарвар, муборизи зидди нажодпарастӣ ва ҷаҳолатпарастӣ баромад мекард. Ӯ деист буда, аз калисо алоқаашро канд. Рисал ба инкишофи маорифи халқ даъват менамуд ва ба дастгирии либералҳои Испания умед баста, гузаронидани ислоҳоти демократиро талаб мекард. Баъди муҳоҷирати 10-сола дар Европа соли 1892 ба ватан баргашта, дар мамлакат аввалин ташкилоти сиёсӣ — Лигаи Филиппинро таъсис дод, ки ба ин сабаб ба ҷазираи Минданао бардарға шуд. Рисал мекӯшид, ки халқашро аз қашшоқию беҳуқуқӣ бе зӯроварию хунрезӣ наҷот диҳад. Фаъолияти Рисал ба кори аз ҷиҳати идеологӣ тайёр намудани револютсияи миллии озодихоҳӣ мусоидат кард. Соли 1896 роҳбарони Катипунан (ташкилоти ватандӯстонаи махфии зидди мустамликадорони испанӣ) ба Рисал таклиф намуданд, ки сарвари шӯриш мусаллаҳ шавад, вале ӯ ин таклифро рад кард. Бо ин ҳама, вақте ки шӯриш сар шуд, ҳукуматдорони Испания Рисалро ба исёнгарӣ айбдор намуда, ба қатл расониданд. Рисал яке аз машҳуртарин қаҳрамонҳои миллии Филиппин аст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …