Маълумоти охирин

РИСА

РИСА, Рисаи Калон, кӯлест дар Кавкази Ғарби, дар Республикаи Автономии Советии Сотсиалистии Абхазия. Дар территорияи мамнӯъгоҳи Риса, дар баландии 950 метр воқеъ аст. Пайдоишаш пиряхию тектоникист. Масоҳати кӯл 1,49 километр2, тӯлаш 2,5 километр, бараш то 1,05 километр, чуқуриаш то 116 метр. Манбааш борону барф.

123

Дар давоми сол сатҳи оби кӯл 2—3 метр пасту баланд мешавад. Аз Риса давоми дарёи Лашипсе — дарёи Юпшара (ҳавзаи дарёи Бзиб) ибтидо меёбад. Манзараҳои зебои атрофи кӯл диққати туристонро ҷалб мекунад. Дар соҳили кӯл меҳмонхона ва пансионат сохта шудааст. Роҳи автомобилгард кӯли Рисаро бо курортҳои соҳили баҳри Сиёҳ мепайвандад. Дар наздикии Риса кули Рисаи Хурд (масоҳаташ 0,2 километр2) ҷойгир аст.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …