Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РИПКА Ян

РИПКА Ян

РИПКА (Rypka) Ян (28. 5. 1886, Кромержиж, Чехословакия —29. 12. 1968, Прага), эроншинос ва туркшиноси чех. Доктори фалсафа (1910). Аъзои ҳақиқии АФ Чехословакия (аз соли 1936). Университети Венаро соли 1910 хатм кардааст. Яке аз аввалин ходимони илмии Институти шарқшиносии Чехословакия (аз соли 1929) ва узви ҳайати таҳририяи журнали илмии шарқшиносии «Аrchiv orientalni»
(«Архив оринтални») буд. Аввалин кори илмии ӯ тарҷумаи як ҳикояти «Баҳористон»-и Ҷомӣ мебошад. Сипас ба туркшиносӣ машғул буд.
Дере нагузашта эроншиносӣ шуғли асосии Рипка гардид. Рипка муаллифи тадқиқоти бисёри илмистт. Алалхусус, тадқиқоти коллективии «Таърихи адабиёти форс-тоҷик» (ба забони чеӣи, 1956, 1963), ки бо роҳбарии Рипка сурат гирифтааст, дар фаъолияти илмии ӯ мавқеи калон дорад. Ин асар ба забонҳои немисӣ (1959), англичӣ (1968), русӣ (1970), полякӣ (1970) тарҷума ва нашр шудааст. Дар Чехословакия ва бисёр мамлакатҳои хоричюҷӣ ба тадқиқоти Рипка баҳои баланд додаанд. Рипка дар Ғарб аввалин шахсе буд, ки масъалаи мероси адабии мардуми эронинажодро аз нав ба миён гузошта, пас аз шарқшиносони советӣ, зеро мероси муштараки форсҳо ва тоҷикҳо донист. Рипка С. Айниро зиёда эҳтиром мекард, бо бисёр адабиётшиносони тоҷик робита дошт, корҳои ҳамкасбонашро дар бораи адабиёти тоҷик меписандид. Рипка аъзои фахрии Бунёди фарданги Эрон, доктори фахрии Университетҳои Варшава, Париж, Вена, Теҳрон, аъзои фахрии ҷамъияти таърих ва забоншиносии Туркия буд. Ӯ дар бисёр симпозиуму конгрессҳои байналхалқӣ иштирок кардааст. Лауреати- муко-фоти ба номи Климент Готвалд, дорандаи ордени Республика (Чехословакия) .
Ал.: Белая В.. Асари гаронбаҳо, газетаи «Маориф ва маданият», 2 сент. 1967; Т а б а р о в С., Ян Рыпка тадқиқотчии адабиёти форсу тоҷик, газетаи «Тоҷикистони советӣ», 28 май 1966; Раджабов 3., Хромов А., Академику Яну Рынке — 80 лет. гвзетаи «Коммунист Таджикистана», 28 мая 1966; Yidnimeye Jan Rypka, Prague, Academia, 1967; Веска J., Jan Rypka. Czechoclovak Iran 1st and Turkologist,. Ar- chiv orientilni, 1969, vol. 37, J6 3.
В. Белан.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …