Маълумоти охирин
Главная / Биология / РИНИОФИТҲО

РИНИОФИТҲО

РИНИОФИТҲО , псилофитҳо , қадимтарин ва оддитарин гурӯҳи растаниҳои дараҷаи олӣ, ки нобуд шудаанд. Хусусиятҳои асосии онҳо: дар нӯги пояҳо ҷойгир шудани спорангийҳо, набудани решаву барг, шохронии дихотомӣ, сохти оддии анатомӣ ва ғайра.

sj-02-428

Риниофитҳо дар ҷойҳои серрутубат, шибарзамин ва соҳилҳои тунукоби дарёҳо (400 миллион сол муқаддам) мерустанд. Тадқиқи сохти Риниофитҳо ва алоқаи тарафайни эволютсионии онҳо барои омӯзиши таҳаввули морфология ва филогенияи растаниҳои дараҷаи олӣ аҳамияти калон дорад. Ба фикри академик А. Л. Тахтаджян Риниофитҳо баромади гурӯҳҳоеанд, ки аз онҳо ушнашаклҳо, чилбандҳо ва сарахсҳо пайдо шудаанд. Нигаред, низ Псилофитҳо. М. И. Исмоилов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …