Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РИМСКИЙ-КОРСАКОВ Николай Андреевич

РИМСКИЙ-КОРСАКОВ Николай Андреевич

РИМСКИЙ-КОРСАКОВ Николай Андреевич (18. 3. 1844, Тихвин 21. 6. 1908, работи Любенск, ҳоло вилояти Ленинград), бастакор, дири- жёр, педагог ва ходими ҷамъиятии рус. Яке аз иштирокчиёни фаъоли «Тӯдаи муқтадир» (симфонияи нахустинашро солҳои 1862 —65 дар таҳти роҳбарии М. А. Балакирев эҷод кардааст; таҳрири дуюм—1874). Махсусан, аз солҳои 70 фаъолияти ҷамъиятию мусиқии Римский-Корсаков афзудааст (аз соли 1871 профессор Консерваторияи Пе- тербург, солҳои 1874—81 директори Мактаби мусиқии бемузд, аз соли 1882 сарвари кружоки Беляев ва ғайра). Эҷодиёти Римский-Корсаков саршори ғояҳои пешқадами замон буда, рӯҳи озодихоҳона ва халқиятро фаро мегирад. Тамоми асарҳои ӯ аа операи аввалинаш «Псковизан» (1872, аз рӯи драмаи Л. А. Мей) сар карда, то охирин 15-ум операи ба ҳаҷви ҳокимияти мутлақ бахшидааш («Хурӯси тил- лоӣ», 1907, аз рӯи асари Александр Сергеевич Пушкин) ба ин шаҳодат медиҳанд. .Ривояту анъанаи славянҳои қадим, назми сарзамини паҳновари рус, суруду оҳанг ва афсонаҳои халқӣ, образҳои мафтункунандаи Шарқи бостонӣ дар операҳои «Шаби моҳи май» (1878, аз рӯи асари Николай Василевич Гогол), «Маликаи барфин» (1881, аз рӯи асари А. Н. Островский), «Шаби пеш аз мавлуд» (1895, аз рӯи асари Николай Василевич Гогол), «Садко» 71896), «Афсонаи шоҳ Султон» (1900, аз рӯи асари Александр Сергеевич Пушкин), асарҳои симфонии «Афсона» (1880), «Симфониетта ба мавзӯъҳои русӣ» (1885), «Каприччиои испанӣ» (1887), сюитаи «Шаҳрзод» (1888) ва ғайра хеле равшан ифода гардидааст. Намуваи барҷастаи драмаи мусиқии реалистии Римский-Корсаков операи таърихӣ-маишии ӯ «Арӯси шоҳ» (1898, аз рӯи асари Л. А. Мей) ба шумор меравад. Эҷодиёти Римский-Корсаков, ки ба олами серобуранги афсонаҳо, манзараҳои мафтункунандаи ҳасти халқ ва парвози хаёлоти он асос ёфтааст, бо пурҳароративу самимият, тозагиву хусусиятҳои хоси лирикӣ ва рангубори бои миллиаш фарқ мекунад. Маҳз ҳамин ҷиҳати эҷодиёташ ӯро бо М. И. Глинка дар як поя мегузорад. Инчунин муаллифи 79 романс, «Маҷмӯаи сурудҳои халқии русӣ» (100 суруд, 1876) ва асари тарҷумаиҳолии «Солномаи фаъолияти мусиқии ман» (1909) аст. Ҳамчун бастакору педагог бештар аа 200 шогирд тарбия кардааст (аз ҷумла, А. К. Глазунов, А. К. Лядов, А. С. Аренский, Н. Я. Мясковский, Н. В. Лысенко, М. А. Баланчивадзе ва дигар), ки онҳо дар ташаккули мусиқии советӣ роли калон бозидаанд. Соли 1944 дар Тихвин хона-музеи Римский-Корсаков кушода шудааст. Ба Консерваторияи Ленинград номи Римский-Корсаковро гузоштаанд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …