Маълумоти охирин
Главная / Биология / РИККЕТСИОЗҲО

РИККЕТСИОЗҲО

РИККЕТСИОЗҲО, як гурӯҳ бемориҳои сироятии одам ва ҳайвонот, ки риккетсия но микроорганизми қаламчашакли беҳаракат меангезад. Паҳнкунандаи Риккетсиозҳо ҳашароти хунмак (шабушк, кайк, кана ва ғайра) мебошад. Риккетсиозҳо ба якчанд гурӯҳ ҷудо мешаванд: 1) гурӯҳи тифҳои ҳасбадор ё доманаҳои гуногун; 2) вараҷаи канагии серлакка; 3) гуруҳи сусугамушӣ (вараҷая японӣ ё тифи буттазорӣ); 4) ку-вараҷа (вараҷаи саллоххонагӣ, таби Тирмиз ва ғайра); 5) Риккетсиозҳои пароксизмалӣ (хуруҷкунанда); 6) гурӯҳи Риккетсиозҳои ҳайвонӣ.

5_213
Риккетсияҳои касалиовар дар инсон бемориҳои вараҷанокро ба вуҷуд меоранд; дар пӯст доначаҳов махсус (масалан, дар мавриди домана ва вараҷаҳои ҳасбадор) дамида, рагҳои хун иллат меёбанд. Аз ҷумлаи Риккетсиозҳои одамӣ касалии домана ва таби хандақӣ (таби панҷрӯза) дар вогиршиносӣ мавқеи махсус доранд. Тарз ва хусусияти паҳншавии баъзе Риккетсиозҳоро олимони тоҷик муфассал омӯхтаанд.
Аз ҳайвонҳо ба Риккетсиозҳо бештар ҳайвоноти шохдор гирифтор мешаванд.
М у о л и ҷ а: истеъмоли антибиотикҳо.
Пешгирӣ: моягузаронии ҷилавгиранда (муҳофиз). Я. А. Рустамов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …