Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РИКАРДО Давид

РИКАРДО Давид

РИКАРДО Давид (19. 4. 1772, Лондон—11. 9. 1823, графии Глостершир), иқтисодчии англис, яке аз намояндагони барҷастаи иқтисоди сиёсии классикии буржуазӣ. Аз табақаи сармоядорон. Солҳои 1793-1812 ба тиҷорат ва минбаъд ба тадқиқоти илмӣ машғул шудааст. Асари асосии Рикардо «Рукнҳои иқтисоди сиёсӣ ва андохтани андоз» (1817) мебошад. Аҳамияти таърихии асарҳои Рикардо барои инкишофи илмҳои иқтисодӣ дар он аст, ки ӯ тарафдори назарияи меҳнатии арзиш буд. Ба ақидаи ӯ, арзиши мол, ки сарчашмаи ягонаи он меҳнати коргар аст, асоси даромадҳои синфҳои мухталифи ҷамъияти буржуазӣ — музди меҳнат, фоида, фоиз ва рента ҳисоб меёбад. Рикардо нишон дод, ки фоидаи ка- питалист аз ҳисоби меҳнати бемузди коргарон аст, ҳарчанд ки ӯ худи истисморро илмӣ маънидод карда натавонист. Вай қонуни ба ҳам чап- па мутаносиб будани музди меҳнати коргар ва фоидаи капиталистон- ро ба қалам оварда, аслан ба ҳам зид будани манфиати иқтисодии пролетариат ва буржуазияро ошкор намуд. Вале Рикардо капитализмро ягона сохти имконназир ва табиӣ дониста, қонунҳои иқтисодии онро умумӣ ва абадӣ меҳисобид. Карл Маркс таълимоти иқтисодии Рикардоро ҳамаҷиҳата таҳлил карда, норасоиҳои прин- сипиалии онро нишон додааст.
Адабиёт: Сочиненте том 1—5,-Москва 1961.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …