Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РИХТЕР Андрей Александрович

РИХТЕР Андрей Александрович

РИХТЕР Андрей Александровнч (15. 8. 1871, деҳаи Куровски ҳозира райони Калугаи вилояти Калуга —2. 4. 1947, Москва), олими советӣ дар соҳаи физиологияи растаниҳо, академияи Академияи Фанҳои Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР (1932; аъзо-корреспондент 1929) ва Всесоюзная Академия Сельскохозяйственных Наук Имени Ленина ВАСХНИЛ (1935). Баъди хатми Университети Петербург (1893) дар он ҷо дарс додааст. Профессор (1917) ва ректор (аз 1921) -и Университети Перм, профессори Университети Саратов (1924) ва Университети Москва (1931); директори Лабораторияи био- химия ва физиологияи растаниҳои Академияи Фанҳои Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик АФ СССР (аа 1932), Институти физиоло- гияи растаниҳои ба номи К. А. Тимирязев, ки дар асоси он лаборатория таъсис ёфтааст (1934—38) ва Лабораторияи фотосинтези Академияи Фанҳои Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик АФ СССР (аз 1939). Тадқиқоти асосии ӯ ба тахмир, фотосинтез, тобоварии растаниҳо ба шароитҳои номусоиди муҳит (хушкӣ, ҳарорати паст, шӯрии хок), физиология ва биохимияи растаниҳои техникӣ, иммунитет ва ғайра оиданд.
Бо ордени Ленин ва ордени Байрақи Сурхи Меҳнат мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …