Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РИЕГО-И-НУНЕС Рафаэл

РИЕГО-И-НУНЕС Рафаэл

РИЕГО-И-НУНЕС Рафаэл (24. 10. 1785, Санта- Мария-де-Туня, Астурия —7. 11. 1823, Мадрид), ходими револютсияи солҳои 1820—23 дар Испапия. Аз оилаи ашрофи муфлисшуда. Соли 1808 мактаби ҳарбии Оведоро хатм намуд. Дар ҷанги миллии озодихоҳии зидди истилогарони франсавӣ иштирок карда, асир афтод ва ӯро ба Франсия бурданд. Дар он ҷо аъзои ложаҳои масонӣ (ҳаракати динӣ) гардид. Баъди ҷанг соли 1814 ба Испапия баргашта, бо ложаҳои масонии Испания ва офисероне, ки ба шӯриши зидди тартиботи мустабидонаи Фердинанди VII тайёрӣ медиданд, робита пайдо кард. Дар сӯиқасди бебарори ҳарбии 9 июни 1819 иштирок намуд. 1 январи 1820 баталони Риего-и-Нунес таҳти роҳбарии ӯ шӯриш бардошт, ки он ба револютсия ибтидо гузошт. Риего-и-Нунес конститутсияи соли 1812-ро аз нав барқарор намуда, баъди муваффақият пайдо накардани кӯшиши ишғоли Кадис бо отряди 1,5 ҳазорнафара ба Андалусия (27 январ—13 марти 1820) ҳуҷум овард. Баъди ба расмият даромадани конститутсия (7 марти 1820) ко- мандири дивизияи Армияи назораткунанда шуд, ки он аз қӯшунҳои револютсионии андалусиҳо ташкил ёфта буд. Июн — августи 1820 сарфармондеҳи ҳамин армия. Солҳои 1820— 23 яке аз ходимони Партияи эксалтадос (партияи либералҳои чап). Январи 1821 бо талаби эксалтадос ба мансаби генерал-капитани Арагон расид. 1 марти 1822 президенти нахустини кортесҳои Мадрид гардид. Июли 1822 дар пахш намудани исёни абсолютистони гвардияи шоҳ дар Мадрид роли роҳбарикунанда бозида, боиси аз сари ҳокимият дур шудани партияи модерадос (мӯътадилон) ва ташкил ёфтани ҳокимияти эксалтадос (августи 1822) гардид. Дар ибтидои интервенсияи Франсия (апрели 1823) отрядҳои Риего-и-Нунесро қӯшунҳои франсавӣ дар му- ҳорибаҳои назди Хаэн, Манча-Реал ва Ходаре (12—14 сентябр) торумор намуданд. Риего-и-Нунесро абсолютистон дастгир карда, ба Мадрид оварданд ва ӯ мувофиқи қарори маҳкамаи подшоҳӣ ба қатл расонида шуд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …