Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РИД Ҷон

РИД Ҷон

РИД Ҷон (22. 10. 1887, Портленд —17. 10. 1920, Москва), нависанда ва публисисти америкоӣ, ходими ҳаракати коргарӣ. Аз оилаи судя. Пас аз хатми Университети Ҳарвард (1910) ба журна- листӣ машғул шуд.
Соли 1914 китоби «Мексикаи исёнгар»-ро нашр кунонд, ки дар он муборизаи револютсионии халқи Мексика тарафдорӣ ва мудохилаи Штатҳои Муттаҳидаи Америка ба корҳои дохилии Мексика маҳкум гардидааст. Дар очерки «Ҷанг дар Колорадо» (1914) бар зидди ҷазодиҳии кӯҳканони шӯришгар мебарояд. Дар фронтҳои Ҷанги якуми ҷаҳонӣ (1914 —18) мухбир буд. Соли 1916 китоби Рид «Ҷанг дар Европаи Шарқӣ» ба табъ расид, ки дар он характери им- периалистии ҷанг ошкор карда шудааст. Августи 1917 ҳамчун мухбири ҳарбӣ ба Россия омад ва бо болшевикон наздик шуд. Револютсияи Октябр ро хушнудона истиқбол кард. Соли 1984 ба Штатҳои Муттаҳидаи Америка баргашта, ба қаноти чапи Партияи сотсиалистӣ ҳамроҳ шуд ва бар зидди пешвоёни оппортунистони рост, ки ҷанги империалистиро дастгирӣ мекарданд, мубориза бурд. Бо иштироки ӯ дар конференсияи ташкилотҳои чапи Ню-ӣорк моҳи феврали 1919 шӯъбаи чапи Партияи сотсиалистӣ ташкил шуд; Рид муҳаррири газетаи нави «Ню-Йорк комюнист» (аз апрели 1919 нашр шуд) интихоб гардид. Ҳамон сол аъзои Совети миллии қаноти чап интихоб шуд. Моҳҳои августи— сентябри 1919 яке аз ташкилотчиёни Партияи коргарии коммунистии Америка буд (соли 1921 бо Партияи коммунистии Америка як шуд). Рид ҳамчун лектор ва публисист ба халқи Америка ҳақиқати Револютсияи Октябрро мефаҳмнид. Моҳи марти 1919 дар Штатҳои Муттаҳидаи Америка китоби Рид «10 рӯзе, ки оламро ба ларза овард» (тарҷумаи тоҷикӣ 1964) ба табъ расид, ки он ба зудӣ дар тамоми ҷаҳон шӯҳрат ёфт. Ленин ба ин китоб сарсухан навишта, ба он баҳои баланд дод. Моҳи октябри 1919 Рид ба Москва омад ва чанд бор бо Ленин вохӯрд. Аъзои Комитети иҷроияи Коминтерн буд. Дар кори Конгресси 2-юми Коминтерн (июли 1920)_иштирок дошт. Аз касалии домана вафот кард. Дар майдони Сурх назди девори Кремл дафн шудааст.
Основание: 1о рӯзе, ки оламро ба ларза овард; Душанбе, 1984.
Адабиёт: Д. Рид. Библиографический указатель, Москва, 1987; Дангулов С., Двенадцать дорог на Эгль, Москва, 1970.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …