Маълумоти охирин
Главная / Биология / РИБОСОМАҲО

РИБОСОМАҲО

РИБОСОМАҲО, зарраҳои ҳуҷайравиеро гӯянд, хи аз КРН ва сафедаҳо иборат буда, ба таркиби ҳамаи организмҳои зинда (бактерияҳо, наботот, ҳайвонот ва ғайра) дохил мешаванд. Ҳар як ҳуҷайра даҳҳо ҳазор Рибосомаҳо дорад. Рибосомаҳо ба 2 синфи асосӣ тақсим мешаванд. Рибосомаҳои 70 8 (массаи молекулавиаш қариб 3 • 10®, диаметрашон қариб 200—300 Ав) ва Рибосомаҳои 80 8 (массаи молекулавиаш қариб 4—5 • 10*, диаметрашон то 400 Ав). Рибосомаҳои 70 8 ба ҳуҷайраҳое хосанд, ки ядрои пурра ташаккулёфта надоранд; масалан, ҳуҷайраҳои прокариотҳо (бактерияҳо, актиномисетҳо ва обсабзҳои сабзи кабудтоб), хдоропласту митохондрияҳои организмҳои дараҷаи олӣ.

ribosome_synthesis

Рибосомаҳои 80 8 бошанд, дар ситоплазмаи ҳамаи эукариотҳо (организмҳои ядрояшон пурра ташаккулёфта) мавҷуданд. Рибосомаҳои 70 8 60—65% КРН ва 40—35% сафеда, Рибосомаҳои 80 8 қариб 50% КРН ва 50% сафеда доранд. Рибосомаҳо дар биосинтези сафедаҳо ширкат меварзанд. Нигаред, низ Сафедаҳо.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …