Главная / Ҷуғрофия / РЕСПУБЛИКАИ ФЕДЕРАТИВИИ ГЕРМАНИЯ

РЕСПУБЛИКАИ ФЕДЕРАТИВИИ ГЕРМАНИЯ

rf-germany

РЕСПУБЛИКАИ  ФЕДЕРАТИВИИ  ГЕРМАНИЯ (РФГ), давлатест дар Европаи Марказӣ. Республикаи Федеративии Германия РФГ бо Республикаи Демократии Германия РДГ, Чехословакия, Австрия, Швейтсария, Франсия, Люксембург, Белгия, Нидерланд, Дания ҳамсарҳад мебошад. Дар Шимол онро баҳри Шимолӣ ва баҳри Балтика иҳота мекуванд. Масоҳаташ 248 ҳазор километр2. Аҳолиаш 59,7 миллион нафар (1983). Пойтахташ — шаҳри Бонн. Аз ҷиҳати маъмурӣ ба 10 музофот тақсим шудааст (Шлезвиг-Голштейн, Гамбург, Саксонияи Поён, Бремен, Рейн-Вестфалияи Шимолӣ, Гессен, Рейпланд-Пфалс, Баден-Вюртемберг, Бавария, Вилоятя Саара).

Сохти давлатӣ. Республикаи Федеративии Германия РФГ — республикаи федеративӣ. Конститутсияи ҳозирааш соли 1949 қабул шудааст (солҳои минбаъда ба он тағйирот ва иловаҳо дохил карда шуданд). Сардори давлат — президент, ки онро Маҷлиси федералӣ ба мӯҳлати 5 сол интихоб мекунад. Маҷлиси федералӣ  аз аъзоёни бундестаг ва депутатҳои ландтаг иборат аст. Органи олии қонун- барор — парламенти дупалатагӣ, ки он аз бундестаг (палатаи депутатҳо, ки онро аҳолӣ ба мӯҳлати 4 сол интихоб мекунад) ва бундесрат (палатаи музофотҳо) иборат аст. Ҳокимияти иҷроияро ҳукумат бо сардории канслери федералӣ (онро бундестаг интихоб мекунад) ба амал мебарорад. Ҳамаи музофотҳо конститутсия, органҳои қонунбарори интихоботӣ — ландтагҳои якпалатагӣ (дар Бавария — дупалатагӣ) ва бо сардории сарвазир ҳукумати худро доранд. Мувофиқи конститутсияи федералӣ ҳуқуқи музофотҳо маҳдуд карда шудааст.

Табиат. Сатҳи территорияи давлат аз Ҷануб ба самти Шимол паст шуда меравад. Интиҳои ҷанубиро шохаҳои кӯҳҳои Алпи Шимолии Оҳаксангӣ фаро гирифтаанд. Дар қисми марказии он кӯҳҳои Алпи Бавария ва қуллаи баландтарини Республикаи Федеративии Германия РФГ — кӯҳи Цугшпитце (2963 м) воқеъ гардидаанд. Кӯҳҳоро водиҳои чуқури дарёҳои Изар, Ини ва ғайра бурида мегузаранд. Шимолтар аз Алп пуштакӯҳи Бавария ва осори пиряхҳо ба назар мерасанд. Аз қисми шимолии пуштакӯҳ  дарёи Дунай ҷорист. Шимолтар ва ғарбтар аз пуштакӯҳи Бавария минтақаи баландиҳо ва кӯҳҳои баландиашон миёнаи (600—1400 метр) чиндоршавии герсинӣ тӯл кашидаанд. Инҳо Алби Шваб, Алби Франкон, Шварцвалд (кӯҳт Фелдберг, 1493 метр), кӯҳҳои Варақсангии Рейн (Эйфел, Дуверюк, Таулус, Вестервалд), Гарс ва ғайра мебошанд. Дар шимоли мамлакат (тақрибан 25% территорияи) пастхамии фарохе ҳаст. Қад- қади баҳри Шимолӣ ва соҳили дарё минтақаи маршҳо воқест; қисми назди соҳилии баҳр лойқазор аст. Соҳилҳои ба Республикаи Федеративии Германия РФГ мансуби баҳрҳои Шимолӣ ва Балтика пастобанд. Иқлим мӯътадил, дар шимол баҳрӣ, дар дигар ҷойҳо континентӣ. Ҳарорати миёнаи январ аз —0°Селсия то —6*Селсия, июл 16— 20°Селсия. Боришоти солона дар Шимол.

600—750 миллиметр, дар кӯҳҳои баландиашон миёна 650—1300 миллиметр ва дар Алп 1700—2000 миллиметр. Дарёҳои калон: Рейн (дар территорияи Республикаи Федеративии Германия РФГ аз сарҳадҳои он 647 километр), Элба (поёнобаш), Дунай (болообаш), Везер. Кӯлҳои пайдоишашон пиряхӣ бисёранд. Калонтарини онҳо: Боден, Хим, Штарнбергер — Зе, Аммер. Хоки заминҳо асосан бӯри бешагӣ ва карбонатдори таркибаш пӯсида, дар Шимол хокистар- ранг. 29% территорияи Республикаи Федеративии Германия РФГ бешазор аст. Дар бешаҳо, кӯҳҳо дарахтони санавбар, пихта, сӯзанбарг, дар Шимол дар бешаҳои гилзамин дарахтони қарағай, коҷ, ладен мерӯянд. Зиёда аз 3% территорияи мамлакат (асосан дар шимол мамлакат) — заминҳои бекорхобида ва ботлоқзор.

Аҳолӣ. 99% аҳолии мамлакат немисҳоанд: шумораи на чандон калони даниягиҳо ва голландиҳо, тақрибан 3,8 миллион нафар хориҷиёни асосан аз Туркия, Италия, Юнон, Испания омада низ зиндагӣ мекунанд. Забони расмӣ — немисӣ. Диндорон — асосан протестант (бештар аз 46%) ва католик (қариб 46%). Зичии миёнаи аҳолӣ дар 1 километр2 241 нафар. 88% аҳолӣ дар шаҳрҳо зиндагӣ мекунад. Шаҳрҳои калонтарин: Гамбург, Мюнхен, Кёлн, Эссен, Франкфурти Майн, Дортмунд, Дюсселдорф, Штутгарт, Дуйсбург, Бремен, Ганновер, Нюриберг.

Очерки таърихӣ. Республикаи Федеративии Германия РФГ дар минтақаи ишғолии Штатҳои Муттаҳидаи Америка, Британияи Ка- бир ва Франсия ташкил ёфтааст. Соли 1948 дар Лондон 6 давлати Ғарб (Штатҳои Муттаҳидаи Америка, Британияи Кабир, Франсия, Белгия, Нидерланд, Люксембург) дар бобати ташкил додани Республикаи Федеративии Германия РФГ қарор қабул карданд. Гурӯҳи махсуси экспертҳо августи 1948 лоиҳаи Қонуни асосиро тайёр намуд ва онро Совети парламент (иборат аз 65 намояндаи музофотҳои ғарби Германия) дида баромад. Совет моҳи маи 1949 Конститутсияро қабул намуд ва онро губернаторони ҳарбии Штатҳои Муттаҳидаи Америка , Британияи Кабир ва Франсия тасдиқ карданд.

Августи 1949 аввалин интихоботи бундестаги Республикаи Федеративии Германия РФГ шуда гузашт ва Т. Хейс (Партияи озоди демократӣ, ПОД, соли 1948 таъсис ёфтааст) якумин президент гардид; бо сардории К. Аденауэр (Иттифоқи христианҳои демократй, ИХД, соли 1945 таъсис ёфтааст) ҳукумат ташкил шуд. Ба туфайли дотасияҳои Штатҳои Муттаҳидаи Америка ШМА, сафарбарии захираҳои дохилӣ ва ба дараҷаи паст нигоҳ доштани шароити зиндагии аҳолӣ иқтисодиёти Республикаи Федеративии Германия РФГ босуръат тараққӣ кард; охири соли 1950 аз рӯи ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ мамлакат ба давраи пеш аз ҷанг расид. Иқтисодиё- ти Республикаи Федеративии Германия РФГ дар солҳои минбаъда бо- суръат тараққӣ кард. Аввалҳо дар мамлакат тартиботи оккупатсионӣ ни гоҳ дошта мешуд ва фаъолвяти органҳои давлатӣ зери назорати се давлати Ғарб маҳдуд буд, аммо ин маҳдудият тадриҷан барҳам мехӯрд. Республикаи Федеративии Германия РФГ-ро акнун ба баъзе группировкаҳои сиёсӣ ва иқтисодии Европаи Ғарбӣ ҳамроҳ мекарданд; дохил шудан ба блоки НАТО ва ба амал баровардани милитаризасияро водор менамуданд. Ба ин сиёсат синфи коргар, иттифоқҳои касаба, ташкилотҳои демократӣ ва сотсиал-демократии Республикаи Федеративии Германия РФГ ва дигар давлатҳои Европаи Ғарбӣ қатъиян зид баромаданд. Дар натиҷа созишномаҳое, ки ҳанӯз соли 1952 тартиб дода шуда буданду онҳо мебоист ба блоки НАТО ва Иттифоқи Бвропаи Ғарбӣ дохил шудани Республикаи Федеративии Германия РФГ- ро ба расмият медароварданд, инчунин тартиботи оккупатсиониро бекор мекарданд (ба ном қарори Париж), танҳо маи 1955 ҳукми қонунӣ пайдо намуданд.

Баробари мустаҳкам гардидани ҳокимияти монополияҳои Республикаи Федеративии Германия РФГ қувваҳои тараққипарвар нахш карда мешуданд. Ноябри 1951 ҳукумат дар бораи манъи фаъолияти Партияи Ком

мунистии Германия (соли 1956 манъ карда шуд) масъала бардошт. Солҳои 1951—1958 фаъолияти зиёда аз 200 ташкилоти демократӣ манъ карда шуд. Дар айни замон гурӯҳҳои рости радикалӣ, иттифоқҳои ниқорталаб ва ғайра аз нав ташаккул меёфтанд. Соли 1964 Партияи миллӣ-демократии неонасистӣ таъсис ёфт.

Солҳои 50 давраи муборизаи шадиди синфӣ буд. Баромадҳои оммавии меҳнаткашони Германияи Ғарбӣ барои ҳуқуқҳояшон бо муборизаи зидди ремилитаризатсия, зидди ба блоки НАТО дохил шудани мамлакат алоқаманд карда мешуд. То миёнаҳои солҳои 60 роҳбарии сиёсиро дар мамлакат блоки партияҳои буржуазӣ—Иттифоқи христианҳои демократ, Иттифоқи христианӣ-сотсиалӣ (ИХС) ба амал мебаровард. Христианҳои демократ (соли 1963 канслери федералӣ К. Аденауэрро Л. Эрхард иваз кард) роҳи консолидасияи ҳокимияти капитали калони монополистӣ, мустаҳкам намудани сохти буржуазӣ-демократиро пеш гирифтанд. Соли 1956, қатьи назар аз зиддияти оппозитсияи Партияи сотсиал-демократии Германия, ташкилотҳои иттифоқҳои касаба ва ҷавонон доир ба ӯҳдадории ҳарбии умумӣ қонун қабул карда шуд; ташкили армияи низомии Германняи Ғарбӣ сар шуд. Давлатҳои Ғарб маҳдудияти истеҳсоли техникаи ҳарбиро, ки созишномаи Париж муқаррар карда буд, тадриҷан аз байн мебардоштанд. Доираҳои Германияи Ғарбӣ дар сиёсати берунаи худ ба давлатҳои Ғарб, пеш аз ҳама ба Штатҳои Муттаҳидаи Америка, такя карда, роҳи аз нав дида баромадани нати-ҷаҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1939— 45)-ро пеш гирифтанд. Ҳукумати Республикаи Федеративии Германия РФГ даъво мекард, ки тамоми не-мисҳо, дар куҷое бошанд, бояд ба қонунҳои Республикаи Федеративии Германия итоат намоянд, Республикаи Демократии Германия РДГ барҳам дода, Берлини Ғарбӣ ба Республикаи Федеративии Германия РФГ ҳамроҳ карда шавад ва заминҳое, ки ба ҳайати Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР ва Республикаи Халқии Полша дохиланд, ба Республикаи Федеративии Германия РФГ баргардонида шаванд. Чунин саъю кӯшишҳои ниқорталабона ба кори ба роҳ мондани муносибатҳои баъдиҷангии давлатҳои Ғарб ва Шарқи Еврона халал мерасонд, ба мӯътадил гардонидани муносибатҳои Иттифоқи Советӣ ва Германияи Ғарбӣ (сентябри 1955 байни Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР ва Республикаи Федеративии Германия РФГ муносибатҳои дипломатии расмӣ муқаррар шуда буданд мусоидат намекард.

Вазъияти ҷаҳон беперспектива будани роҳи сиёсии демократҳои христианиро беш аз пеш ошкор менамуд. Соли 1966 дар натиҷаи афзудани душвориҳои дохилӣ ҳукумати коалитсионии Иттифоқи христианӣ-демократӣ ИХД/ Иттифоқи христианӣ-сотсиалӣ ИХС-ПДО, ки ба он Л. Эрхард сардорӣ мекард, пароканда гардид. Бо сардории К. Г. Кизингер Иттифоқи христианӣ-демократӣ (ИХД) ба ном ҳукумати «коалитсияи калон» ташкил ёфт. Раиси Партияи сотсиал-демократии Германия В. Брандт ҷонишини канслери федера-лӣ ва вазири корҳои хориҷӣ шуд. Моҳи сентябри 1969 дар интихоботи бундестаг блоки Иттифоқи христианӣ-демократӣ ИХД/ Иттифоқи христианӣ-сотсиалӣ ИХС шикаст хӯрд. Моҳи октябр бо сардории В. Брандт ҳукумати Партияи сотсиал-демократии Германия ПСДГ- Партияи демократии озод ПОД барпо гардид, ки он сиёсати «идомат ва таҷаддуд»-ро пеш гирифт. Дар натиҷа Республикаи Федеративии Германия РФГ соли 1969 ба шартномаи паҳн накардани яроқи ядроӣ имзо карда, таклифи Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР-ро оид ба гузаронидани гуфтушунидҳо қабул намуд, ки ин гуфтушунидҳо бо имзо гардидани шартнома дар Москва (1970) анҷом ёфтанд. Шартнома тарафайнро ӯҳдадор мекард, ки онҳо бояд бутунии территорияҳои ҳамаи давлатҳои Европа, халалнопазирии сарҳадҳои онҳоро (аз он ҷумла сарҳадҳои ғарбии Республикаи Халқии Полшаро қад-қади дарёи Одер-Нейса, инчунин сарҳадҳои байни Республикаи Федеративии Германия РФГ ва Республикаи Демократии Германия РДГ) нигоҳ доранд. Муносибатҳои Республикаи Федеративии Германия РФГ бо дигар давлатҳои сотсиалистии Европа низ сол аз сол мӯътадил мегардиданд (шартномаи Республикаи Федеративии Германия РФГ ва Республикаи Халқии Полша, 1970, Республикаи Федеративии Германия РФГ ва Республикаи Демократии Германия, 1972, Республикаи Федеративии Германия РФГ ва Чехословакия, 1973), Республикаи Федеративии Германия РФГ бо Республикаи Халқии Венгрия ва Республикаи Халқии Болгария муносибатҳои дипломатӣ муқаррар кард. Соли 1971 байни Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР, Штатшои Муттаҳидаи Америка, Англия ва Франсия доир ба Берлини Ғарбӣ шартномае ба имзо расид, ки мувофиқи он Берлини Ғарбӣ мебоист аз манбаи баҳсу мунозираҳо ба манбаи сулҳу амният табдил меёфт. Дар солҳои баъди ба имзо расидани шартномаи Москва муносибатҳои Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР ва Республикаи Федеративии Германия РФГ боз ҳам беҳтар шуда, дар соҳаҳои гуногун робитаҳои мустаҳками ба ҳамдигар муфид муқаррар гардиданд.

Соли 1978 байни Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР ва Республикаи Федеративии Германия РФГ созишномаи дарозмуддате (ба мӯҳлати 25 сол) доир ба ҳамкорӣ дар соҳаи иқтисодиёт ва саноат ба имзо расид ва соли 1980 дар асоси он программаи дарозмуддати ҳамкорӣ қабул карда шуд.

Дигаргуние, ки солҳои 70 дар сиёсати Республикаи Федеративии Германия РФГ ба амал омад, ба пастшавии шиддати вазъият дар Европа мусоидат намуд. Республикаи Федеративии Германия РФГ сентябри 1973 аъзои Ташкилоти Давлатҳои Мутташида, иштирокчии Маҷлиси Машваратӣ доир ба бехатарӣ ва ҳамкорӣ дар Европа шуд, дар гуфтушунидҳои Вена оид ба маҳдуд намудани қувваҳои мусаллаҳ ва яроқу аслиҳа дар Европаи Марказӣ (гуфтушунидҳо аз соли 1973 давом доранд) ва ғайра иштирок мекунад. Қувваҳои реаксионие, ки дар атрофи Иттифоқи христианӣ-демократӣ ИХД/ Иттифоқи христианӣ-сотсиалӣ ИХС  ҷамъ омада буданд, ба чунин сиёсати ҳу-кумат муқобилияти сахт нишон дода, даъват мекарданд, ки сарҳадҳои мавҷуда бекор ва «рейхи Германия» барқарор карда шавад. Ҳукумати Республикаи Федеративии Германия РФГ борҳо ба миллатчиён гузашт мекард. Бо вуҷуди ин сиёсати ҳукумат асосан ба паст кардани шидда-ти вазъият равона карда шуда буд. Дар соҳаи сиёсати дохилӣ тараққи-ёти Республикаи Федеративии Германия РФГ дар солҳои 70 ба қувватгирии коалисияи ҳукмрони сотсиал-либералӣ мусоидат мекард. Вазъияти иқтисодии мамлакат умуман устувор буд. Дар интихоботи солҳои 1972, 1975 ва 1980 ба парламент христианҳои домократ паи ҳам шикаст хӯрданд. Вало дар интихоботе, ки моҳи марти соли 1983 пеш аз мӯҳлат гузаронида шуд, партияҳои Иттифоқи христианӣ-демократӣ ИХД/ Иттифоқи христианӣ-сотсиалӣ ИХС   боз ғолиб омаданд; Ҳукумати федералӣ дар заминаи коалицияи Иттифоқи христианӣ-демократӣ ИХД/ Иттифоқи христианӣ-сотсиалӣ ИХС  сохта шуд. (Канслер: Г. Кол, аз Иттифоқи христианӣ-демократӣ ИХД ИХД). Дар интихоботи соли 1984 ба онҳо инчунин муяссар гардид, ки ба вазифаи президенти федералӣ намояндаи худ Р. фоп Вайсзеккерро интихоб намоянд.

Партияҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба ва дигар ташилотҳои ҷамъиятӣ. Партияи сотсиал-демократии Германия (ПСДГ). Ҳамчун партияи сиёсии Германияи Ғарбӣ соли 1946 таъсис ёфтааст. Ба Ин-тернатсионали сотсиалистӣ дохил аст. Партияи демократии озод (ПДО) (таъсисаш 1948). Асосан манфиатҳои буржуазияи миёнаро ифода мекунад. Иттифоқи христианию демократи (ИХД; таъсисаш 1945). Манфиатҳои капитали монополистиро ифода карда, бо калисо, асосан бо калисои католикӣ, алоқаи зич дорад. Иттифоқи христианию сотсиалӣ (ИХС; таъсисаш 1945). Танҳо дар Бавария амал мекунад. Партияи миллӣ-демократӣ (ПМД; таъсисаш 1964). Партияи Комунистии Герм а н и я (ПКГ; таъсисаш 1918). Фаъолияти легалии худро (соли 1933 манъ шуда буд) соли 1945 аз нав сар кард, аммо соли 1956 боз манъ карда шуд. Партияи Коммунистии Германия (ПКГ) соли 1968 аз нав таъсис ёфтааст. Иттифоқи немисии сулҳ (таъсисаш 1960). Қисми пешқадами буржуазияи майда, баъзе табақаҳои зиёиён ва рӯҳониёнро муттаҳид мекунад. Иттиҳоди иттифоқҳои касабаи немис. Федератсияи ҷамъиятивРеспубликаи Федеративии Германия РФГ — Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР.

Партияи сабзон» соли 1980дар натиҷаи як шудани ташкилотҳое, ки ҳимояи муҳити зистро пеша кардаанд, ташкил ёфтааст.

Иқтисодиёт. Республикаи Федеративии Германия РФГ — мамлакати капиталистии мутараққӣ, аз ҷиҳати иқтисодиёт пуриқтидортарин дар Европаи Ғарбӣ давлати индустриалӣ. Аз рӯи ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ дар ҷаҳони капиталистӣ ҷои 3-юм, аз рӯи ҳаҷми савдои беруна ҷои 2-юм, аз ҷиҳати ба хориҷа баровардани капитал яке аз ҷойҳои аввалинро ишғол мекунад. Дар иқтисодиёти мамлакат консернҳои пуриқтидор (Байер, Хёҳст, БАСФ, Даймлер-Бенс, Сименс, Фолксваген, Тиссен, АЭГ—Телефункен, Клёкнер, Мессоршмитт-Бёлков-Блом ва дигар) ҳукмрон буда,  бо калонтарин банкҳои хусусӣ («Дойче банк, Дрезденер банк, Коммерс банк») гурӯҳҳои монополистиро ташкил медиҳанд. Аксарияти онҳо монополияҳои трансмиллианд. Дар як қатор соҳаҳои саноат мавқеи капитали монополистии хориҷӣ, алалхусус капитали Штатҳои Муттаҳидаи Америка, Голландия, Швейсария баланд аст. Ҳиссаи ка- питали Америка хусусан дар истеҳсоли нимноқилҳо ва мошинҳои ҳисоббарори электронӣ (ЭВМ), саноати нефт, истеҳсоли мошинҳои сабукрав, нахҳои химиявӣ калон аст. Аксарияти монополияҳое, ки капитали омехтаи давлатию хусусӣ ва ё соф давлатӣ доранд (ФЭБА, РВЭ, ФИАГ, Прёйсаг, Залсгиттер, Рурколе, Фолксваген ва дигар), асосан дар соҳаи энергетика ва дигар соҳаҳои саноати вазнин ҳукмронанд. Қариб тамоми роҳҳои оҳан ва қисми зиёди роҳҳои автомобилгард, корхонаҳои бо об таъминкунии ҷамъиятӣ, каналҳо, бандарҳо ва ғайра ба давлат тааллуқ доранд.

Соҳаҳои асосии саноати вазнин: мошинсозӣ, электротехника, химия, автомобил, коркарди нефт, металлургияи сиёҳ, ангишт. Истихроҷи ангиштсанг торафт кам мешавад (соли 1956 қариб 152 миллион т, соли 1983 82,2 миллион тонна истеҳсол карда шуд): ангиштсанг асосан дар ҳавзаҳои Рур, Саар ва Ахен истихроҷ мешавад. Ангишти бурро асосан аз ҳавзаи Рейни поён (123,5 миллион тонна) мегиранд. Дар қисии шимолии мамлакат конҳон нефт ва гази табиӣ (соли 1983 4,1 миллион тонна нефт ва 17,5 миллиард метр3 газ истеҳсол шуд) воқеанд. Республикаи Федеративии Германия РФГ ба миқдори зиёд аз Нидерланд, Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР ва дигар мамлакатҳо нефт ва газ мегирад. Иқтидори умумии стансияҳои электрӣ дар ибтидои соли 1978 қариб 80 миллион килоВатт, аз он ҷумла стансияҳои электрии атомӣ 7,4 миллион килоВаттт буд. Соли 1983 365,0 миллиард  килоВатт соат қувваи электр истеҳсол карда шуд. Истихроҷи маъдани оҳан беш аз пеш кам (0,85 миллион тонна дар соли 1983) мешавад. Металлургияи сиёҳ асосан бар оҳанпора ва маъдани оҳани импорти асос ёфтааст: соли 1983 27,6 миллион тонна чӯян ва 35,35 миллион  тонна пӯлод гудохта шуд. Соли 1983 Республикаи Федеративии Германия РФГ 743,0 ҳазор тонна алю- миний (марказҳои алюминийгудозӣ: Эссен, Фёрде, Норф, Гамбург, Штаде, Тёгинг ва ғайра), 313 ҳазор тонна мис (Гамбург, Люнен, Дейсбург), 305 ҳазор тонна сурб (Норденхам, Гамбург, Штолберг, Лаутентал ва ғайра), 806 ҳазор тонна руҳ (Дуйсбург, Даттелн, Эссен, Мунстербуш) истеҳсол кард. Саноати химия хеле тараққӣ кардааст; соҳаҳои гуногуни он барои таъмини эҳтиёҷи хоҷагии халқ ва барои экспорт маҳсулот мебарорад. Саноати фармасевтӣ, атриёт низ инкишоф ёфтааст. Саноати мошинсозт ва коркарди металл зиёда аз 35% маҳсулоти саноатӣ ва 53—55% тамоми моли экспортшавандаи мамлакатро истеҳсол мекунад. Саноати мошинсозӣ яке аз саноатҳои мутараққӣ ва пешқадами мамлакат ба ҳисоб меравад. Марказҳои калони мошинсозӣ: Дуйсбург, Дортмунд, Эссен, Мюлгейм, Дюсселдорф, Кёлн. Залсгиттор, Аугсбург. Корхонаҳои саноати электротехникӣ бештар дар Бавария, аз он ҷумла дар Мюнхен, Нюрноерг, Эрлаоген, Штутгарт, Франкфурти Майн, Гамбург ва ғайра воқеъ гардидаанд. Марказҳои калони саноати автомобилсозӣ: Волфсбург, Ганновер, Брауншвейн, Кассел (консерни Фолксваген), Штутгарт, Бохум (Опел), Кёлн, Саарлуи (Форд), Инголштадт (Ауто-Унион) ва ғайра. Марказҳои асосии киштисозӣ (ҷои 3-юм дар ҷаҳони капиталистӣ): Кил, Гамбург, Бремен, Эмден; киштиҳои дарёи — Дуйсбург, Маййс, Кобленс. Дар музофоти Баден-Вюртемберг корхонаҳои асбобҳои дақиқӣ механика ва оптика воқеъ гардидаанд. Корхонаҳои саноати сабук — бофандагӣ, дузандагӣ, чарму пойафзол асосан дар музофоти Баден-Вюртемберг, дар шаҳрҳои Балинген, Рёйтлинген, Аугсбург, Хоф, Оффенбах, Пирмазенс ҷойгир шудаанд.

Хоҷагии қишлоқи мутаракқие дорад. 53—54% тамоми замин истифода мешавад; бештар аз 30% он корам аст. Заминҳои хоҷагии қишлоқ асосан дар ихтиёри хоҷагиҳои калони капиталистӣ мебошанд. Солҳои 1967—77 миқдори хоҷагиҳои хурд ва миёна хеле кам шуда, миқдори хоҷагиҳои калон хеле афзуд. Дар мамлакат аз зироати ғалладона гандум, ҷав, ҷавдор, сулӣ, аз зироати техникӣ картошка, лаблабуи қанд кишт мешавад. Чорводорӣ низ тараққӣ кардааст. Охири соли 1963 дар Республикаи Федеративии Германия РФГ (ба ҳисоби миллион сар) 15,5 гов, аз он ҷумла 5,7 модагов, 23,4 хук, бештар аз 100 мурғ буд. Моҳиҳои гуногун сайд мешаванд. Дар иқтисодиёти Республикаи Федеративии Германия РФГ нақлиёти ав- томобилӣ, обӣ, роҳи оҳан ва трубопровод роли калон мебозанд. Тӯли роҳи оҳан 31,5 ҳазор километр; дарозии роҳи автомобилгард 173 ҳазор километр. Роҳҳои обии киштигарди дохили: канали Кил, дарё Рейн бо шохобҳои сершумораш. Бандарҳои калони баҳрӣ: Гамбург, Бремен ва Бремерхафен, Вилгелмсхафен, Эмдеп, Любек; бандарҳои дарёӣ: Дуйсбург, Гамбург, Кёлн, Мангейм, Людвигсхафен. Нефтепроводҳо:

Вилгелмсхафен-Кёлп, Роттердам (Нидерланд) — Кёлн, Мареел (Франсия) — Карсруэ — Инголштадт, Генуя (Италия) — Улм-Инголштадт, Триест (Италия)—Инголштадт. Аэропортҳои калон: Франкфурти Майн, Кёлн-Бонн, Мюнхен. Республикаи Федеративии Германия РФГ ба хориҷа маҳсулоти саноат ва хоҷагии қишллоқ, мошин, маҳсулоти саноати химия ва электротехника бароварда, аз хориҷа молҳои саноатӣ, ашёи хом ва сӯзишворӣ, хӯрокворӣ ва ғайра мегирад. Республикаи Федеративии Германия РФГ асосан бо давлатҳои капиталистии Европаи Ғарбӣ ва Штатҳои Муттаҳидаи Америка, инчунин бо мамлакатҳои сотсиалистӣ савдо мекунад. Воҳиди пул — маркаи немисии Республикаи Федеративии Германия РФГ.

Нигаҳдории тандурустӣ. Соли 1975 таваллуд ба 1 ҳазор нафар аҳоли 9, 7, фавт 12, 1, фавти кӯдакон (1977) ба 1 ҳазор кӯдаки навзод 15 нафар буд. Бемориҳои дилу раг, саратон, бемориҳои узви нафас ва ҷароҳату захм бештар паҳн шудаанд. Бемориҳои системаи асаб, рӯҳӣ, грипп, гепатити вирусӣ, бемориҳои ҷимоӣ, сил низ кам нестанд.

Соли 1976 дар Республикаи Федеративии Германия РФГ қариб 4,0 ҳазор беморхонаи ҷамъиятӣ ва хусусии дорои 731,6 ҳазор кат (18,8 кат ба 1 ҳазор аҳолӣ) буд. Беморхонаҳои ҷамъиятӣ 55% ҳамаи муассисаҳои табобатии мамлакатро ташкил мекунанд ва дар онҳо чун қоида аз бемор барои кат, хӯрок ва нигоҳубин музд намегиранд,  аммо беморон барои табобати худ духтурони хусусиро даъват мекунанд. Як қатор беморхонаҳо шӯъбаҳои поликлиникӣ доранд, дар шаҳрҳо консултатсияҳои занона ва бачагона, диспапсерҳои пешгирии бемории сил ва ҷимоӣ амал мекунанд. Соли 1976 дар Республикаи Федеративии Германия РФГ 122,1 ҳазор духтур (1 духтур ба 508 нафар аҳолӣ), 33,9 ҳазор духтури дандон, 25 ҳазор фармасевт, 161 ҳазор кор- манди дорои маълумоти миёнаи тиббӣ буд. 27 факултети тиббии университетҳо духтур ва 974 мактаби миёнаи тиббӣ кормандони дорип маълумоти тиббӣ тайёр мекунанд.

Маориф. Таълим дар мактаб ҳатмӣ буда, аз синфи 6-солагӣ сар шуда 9 сол, дар баъзе музофотҳо 10 сол давом мекунад. Зинаи ибтидоӣ, ки мактаби асосӣ ном дорад (синфҳои 1—4, дар баъзе музофотҳо синфҳои 1—6) барои ҳамаи бачагон ҳатмист. Баъди хатми он хонаидагон ба се типи гуногуни мактабҳо тақсим мешаванд: мактаби асосии ҳатмӣ, мактаби реалӣ ва гимназия. Мӯҳлати таҳсил дар мактаби асосии ҳатмӣ 5—6 сол аст. Соли таҳсили 1978/ 79 дар Республикаи Федеративии Германия РФГ 17797 мактаби асосӣ буд, ки дар онҳо 5 718124 талаба мехонд. Типи дуюми мактаб — мактаби реа- лӣ (синфҳои 5—10 ё 7—10) маълумоти миёнаи нопурра медиҳад. Соли таҳсили 1978/79 дар 24888 мактаби реалӣ 1350 721 талаба мехонд. Типи сеюми мактаб-гимназия (синфҳои 5 —13 ё 7—13) маълумоти миёнаи пурра медиҳад. Соли таҳсили 1978/79 дар 2442 гимназия 213353 талаба мехонд. Таълими ҳатмии касбомӯзӣ вуҷуд дорад. Соли таҳсили 1978/79 дар 6396 мактаби касбомӯзӣ ва омӯзишгоҳҳо 261139 талаба мехонд. Ба системаи маълумоти олӣ университетҳо, донишкадаҳои олӣ, мактабҳои олии рассомӣ, мактабҳои техникӣ ва ғайра дохил мешаванд. Мӯҳлати таҳсил дар донишкадаҳои олӣ аз 3 то 7,5 сол. Соли таҳсили 1978/79 дар 284 донишкадаи олӣ 94589 ва дар 98 университет 75689 студент буд. Каломтарин университетҳои Республикаи Федеративии Германия РФГ: Университетҳои Гамбург (таъсисаш 1919), Мюнстор (таъсисаш 1780), Марбург (тлъсисош 1527), Кёлн (.1388) ва ғайра.

Аксарияти муассисаҳои илмии Республикаи Федеративии Германия РФГ дар Ҷамъияти тадқиқоти илмии немис (таъсисаш 1951) муттаҳид шудаанд. Академияҳои фанҳои Республикаи Федеративии Германия РФГ: академияҳои Бавария (1759), Гёттинген (1751), Гейделберг (1909), Рейну Вестфалия (1950), Академияи улум ва адабист (Майнс, 1949) ва калонтарин институтҳои тадқиқоти илмӣ.

Калонтарин китобхонаҳои Республикаи Федеративии Германия РФГ: Китобхонаҳои давлатии Мгюнхен, Франкфурти Майн, китобхонаҳои университҳои Гёттипгеп, Гейдельберг, Кёльп, Тюбипген ва ғ. Калоптарин музейҳо:           Музеи миллип Бавария (таъсисаш 1855, дар Мюнхен), Музеи санъати Франкфурти Майн (таъсисаш 1877), Музеи санъати нафисаи Бремен (таъсисаш 1823), Хона-музеи Бетховен дар Бонн (таъсисаш 1889), Музеи бародарон Гримм дар Кассель (таъсисаш 1960), Музеи байналхалқии Ахен (таъсисаш 1885) ва дигар.

Матбуот, радио, телевизион. Соли 1975 дар Республикаи Федеративии Германия РФГ қариб 1600 газета ва қариб 9 ҳазор журнал нашр мешуд. Газетаҳои бонуфузи ҳаррӯза: «Франкфуртер алъгемайие» («Ғгапк!иг1ег А11&е- те’ше», аз соли 1949); «Велт» («Б1е \Уе1Ь», аэ 1946); «Билд-цайтунг» («ВИй ХеКипе», аз 1952); «Зюддойче цайтупг» («ЗибйеиЬзсЪе 2е1Ьип£», аз 1945); «Вестдойче альгемайне («\УсзЬ- ПеиЬасЬе АИветеше», аэ 1948); «Гамбургер абендблатт» («ИатЪигдег АЪепаЫаЬЬ», аз 1948); «Реинише пост» («НЪеш18сЪе РозЬ», аз 1946) ва ғайра.

Калонтарин газета ва журналҳои ҷамъиятӣ-сиёсии дарҳафтаина: «Цайт» («Б^е 2е1Ь», газета аз соли 1946); «Шпигель» («Бег 8р1&с1», журнал аз 1947); «Штери» («ЗЬсгц», журнал аз 1948) ва ғайра.

Нашрияҳои партиявӣ: «Форвертс» («УотчгагЬз», газетаи ҳарҳафтаина аз соли 1876, органи Партияи сотсиал-демократии Германия), «Сотсиал-демократ магасин («Зог1а1детокгаЬ Маагш», ҳармоҳа аз 1974); «Унзе- рс цайт» («Шзеге 2е1Ь», газетаи ҳаррӯза аз 1969); «Дойче вохсн- цайтунг» («Бои1зсЪе \УосЪеп-2еь 1мп&», газетаи ҳарҳафтаина аз 1959) ва ғайра.

Дар Республикаи Федеративии Германия РФГ чандин стансияҳои регионалии радио ва телевизион  кор мекунанд. Радиостансияи «Дойче велле» («БоиЬзсЪе \Уе11с») ба 3 забон ва радиостансияи «Дончлаид- функ» (Бси1зсЫап<1£ипк») ба 14 забон барои хориҷа ахборот мешунавонад.

Адабиёт. Жанрҳои гуногуни адабиёти муосири Республикаи Федеративии Германия РФГ асосан ба қалами адибоне мансубанд, ки шоҳиди қабоҳатҳои фашизм буданд. Дар очерку ҳикояҳо ва драмаи «Дар паси дар»-и (1947) В. Борхерт (1921— 47), романҳои «Шикастхӯрдагон»-и (1949) X. В. Рихтер (таваллуд 1908), «Поезд дар вақташ меояд» (1949), «Куҷо будӣ, Одам?»-и Г. Бёлл (таваллуд 1917) ва дигар асарҳо фоҷиаи давраи ҷанг ва солҳои баъди ҷанг инъикос ёфтаанд. Соли 1947 бо роҳбарии X. В. Рихтер ташкилоти адабии «Гу-рӯҳи 47» ташкил шуд. Фош намудани ваҳшоният ва ҷиноятҳои бе-амсоли фашизм, ки Германияро ба як ҳолати нанговар расонда буд, марому мақсади асосии ин ташкилот гардид. Дар матбуоти даврӣ асарҳои адибони иртиҷоӣ (Двингер, Бауэр, Конзалии, Керн) низ чоп мешуданд. Аммо онҳо ба ҷараёни пешқадами  адабиёти немис монеъ шуда натавонистанд. Дар ин давра як қатор асарҳои пастғоя ҳам таълиф шуданд.

Баъди ташкил шудани Республикаи Федеративии Германия РФГ (1949) дар ҳаёти адабӣ як навъ таназзуле мушоҳида шуд. Ҳаракатҳои таҷовузкоронаи насистон ва милитаристон қалби адиби намоён Г. Бёллро ба туғён овард. Бёлл дар асарҳои «Сухане ҳам нагуфт», «Дар назари масхарабоз» ва дигар роману повест, ҳикояву мақолаҳои публисистии худ масъалаҳои мураккаби иҷтимоӣ-сиёсии замонро ба қалам додааст. Ба табъ расидани романҳои Г. Грасс (таваллуд 1927), «Нақораи тунукагӣ» (1959), «Солҳои пурмашаққат» (1963) дар ҳаёти адабии Республикаи Федеративии Германия РФГ воқеаи муҳиме гардид. Асарҳои нависандагон М. Валзер (таваллуд 1927), X. М. Эн-сенсбергер (таваллуд 1929), 3. Ленс (таваллду 1926) ва дигар барои адабиёти гуманистӣ ва ҳаёти имрӯзаи Республикаи Федеративии Германия РФГ аҳамияти калон доранд. Дар эҷодиёти нависавдагоне, ки дар ташкилоти «Гурӯҳи 61» муттаҳид шудаанд (М. фон дер Грюи, Г. Вестерхофф. Й. Бюшер ва дигар) тасвири ҳаёти синфи коргар ҷои намоёнро ишғол мекунад.

Солҳои 60 ба арсаи адабиёт як зумра шоир ва нависандагони ҷавон баромад. Алҳол дар назму наср ва драматургия (10. Бекёр, Габриела Воман, П. Хандке ва дигар) барои тозагии забон мубориза меравад.

Меъморӣ ва санъати тасвирӣ. Дар нимаи дуюми солҳои 40 дар санъати меъмории Республикаи Федеративии Германия РФГ бинокории амалӣ бартарӣ дошт. Дар сохтмони биноҳои маъмурӣ тамоюли неоклассисизм аз нав ҷон гирифт. Аз ибтидои солҳои 50 ба комёбиҳои санъати меъмории ҷаҳонӣ рӯ оварда шуд (биноҳои Л. Мис ван дер Роз, меъмории органикии X. Херинг, меъмории Берлини Ғарбии X. Шарун). Охири солҳои 50 брутализми хоси Германияи Гар-бӣ (О. М. Уигерс) шакл гирифт, охири солҳои 60—70 дар санъати меъморӣ як навъ тамоюли пешқадаме зуҳур ёфт.

Дар санъати тасвирии охири солҳои 40-аввали солҳои 50 устодони насли калон (М. Пехштенн, К. Шмидт-Ротлуф, О. Дикс, X. Пурман, В. Гейгер, 0. Панкок) роли ҳалкунанда бозиданд.

Охири солҳои 50-аввали солҳои 60 санъати абстрактӣ (Э. В. Иай, Т. Вернер), сюрреализм (Р. Элсе, Ф. Радзивилл), солҳои 70 услуби «оп-арт», «поп арт», гиппереализм, «хеппенинг» маъмул гардид. Дар баробари ои дар Республикаи Федеративии Германия РФГ анъанаҳои санъати реалистӣ ниҳоят пурнуфузанд, алалхусус дар санъати ҳайкалтарошӣ (Г. Маркс, Э. Матаре) ва графика (А. В. Дрес-лер, К. Хуббух, К. Рёссинг). Бисёр рассомони пешқадам дар атрофи журнали «Анъанаҳо» (таъсисаш 1960) муттаҳид гаштаанд.

Мусиқӣ. П. Хиндемит яке аз бастакорони намоёни давраи баъдиҷангии Республикаи Федеративии Германия РФГ ба шумор меравад. Ӯ операҳои «Гармонияи олаӣ» (1957); «Тановули тӯлонии рӯзи мавлуди Исо» (1961), балет, симфония ва дигар асарҳо офаридааст. Дар ҳаёти мусиқии солҳои 60-уми Республикаи Федеративии Германия РФГ К. Орф саҳми калон дорад; дар репертуари имрӯзаи театрҳои операи мамлакат асарҳои ӯ (операҳои «Бернауэрин», 1947; «Оқила», 1947; «Шоҳ Эдип», 1959; «Прометей», 1968) ҷои намоёнро ишғол мекунанд. Бастакорон В. Эгк («Қиссаи Ирландия», 1955; «Муфаттиш», 1957 ва ғайра) ва Г. Рёйтер («Рақсҳои марги Любек»), 1948, «Роҳи шаҳри бахт», 1948) барои театрҳои му-сиқӣ чандин операву балетҳои нав офаридаанд.

Театр. Баъди ташкил шудани Республикаи Федеративии Германия РФГ чандин театрҳои нав. («Резиденс-театр»-и Мюнхен, театри миллии Менгейм дар Гамбург ва дигар) кушода ва ё аз нав сохта шуданд. Баъзе арбобони театр дар ривоҷу равнақ додани анъанаҳои реалистонаи санъати театрии миллӣ саъю кӯшиш намуда, дар қатори асарҳои классикони немис асарҳои классикони адабиёти рус ва ҷаҳон, аз ҷумла асарҳои Н. В. Гоголь, Антон Павлович Чехов, Г. Ибсен, Б. Шоу, Э. Силванус, Т. Дорст, М. Валзерро ба саҳна гузоштанд. Арбобони театр М. Хелд, Г. Холсман, Э. Шредер, К. Хаарс, В. Хинс, Г. Шварсе ва дигар дар пешрафти сапъати театрии Республикаи Федеративии Германия РФГ ҳиссаи калон мегузоранд. Театрҳои номии мамлакат: «Талиа-театр (Гамбург), «Шаушпилхауз» (Штутгарт), Театрӣ немис (Гёттинген), «Штаатшауш-пил» (Мюнхен) ва дигар.

Кино. Аввалин филмҳои бадеие, ки дар Германияи Ғарбӣ офарида шуданд, ҳаёти халқи немисро дар давраи фашизм инъикос менамуданд («Дар он рӯзҳо», 1947, режиссёр X. Кейтиер; «Байни дирӯз ва фардо», 1947,  режиссёр X. Браун; «Роҳи тӯлонӣ», 1948,       режиссёр X. Фредерсдорф). Солҳои 50 дар мамлакат асосан мелодрамаи риққатовар ва мазҳакаҳои дилхушкунанда («Юттахола аз Калкатта», 1953,      режиссёр Г. Якоби, «Гусари содиқ», 1954,            режиссёр Г. Шюндлер ва дигар) ба навор гирифта шуданд. Ба истеҳсоли филмҳои шовинистӣ низ («Зангӯлаҳои Ватан», 1953, режиссёр Р. Гугелштодт, «Зангӯлаҳои тӯй», 1954, режиссёр Г. Вилдхаген ва ғайра) рағбат пайдо шуд.

Дар айни замон дар Республикаи Федеративии Германия РФГ филмҳое офарида шуданд, ки милитаризм, фашизм, ниқорталабиро фош мекарданд («Геперали иблис», 1955, режиссёр X. Кейтнер; «Кӯпрук», 1959, режиссё Б. Викки; «Гулҳо барои ҷаноби прокурор», 1959, режиссёр В. Штаудте; «Мовундеркиндҳо», 1958 ва «Арвоҳҳои кӯшки Шпессарт», 1961, режиссёри ҳар ду филм К. Гофман). Дар миёнаҳои солҳои 60 гурӯҳи «Кинои ҷавони немис» бо программаи та-ҷаддуди мавзӯъ ва услуби кинои Республикаи Федеративии Германия РФГ баромад кард («Видоъ бо гузашта», 1966 ва «Артистони зери гунбази сирк ошуфтаҳоланд», 1968, режиссёри ҳар ду филм А. Клюге; «Терлеси ҷавон», 1966, режиссёр Ф. Шлёндорф; «Сайди рӯбоҳ манъ аст», 1967, режиссёр П. Шамонм ва ғайра). Дар беҳтарин филмҳои солҳои 70-уми Республикаи Федеративии Германия РФГ симои ҳақиқии «мӯъҷизаи иқтисодӣ» инъикос ёфтааст («Катселисахер», 1969, «Тарсу воҳима ҷонро фано мекунад», 1974, режиссёри ҳар ду филм Р. Фассоиидер; «Дӯсти америкоӣ», 1978, режиссёр В. Вендерс; «Нақора», 1979, режиссёр Ф. Шлёндорф). Актёрони номии кинои Республикаи Федеративии Германия РФГ: X. Рюман, Г. Фребе, К. Юргенс, М. Адорф, О. Фишер, Мария ва Максимилвап Шелл, Л. Пулвер, X. Шигула ва дигар.

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

САЯН

САЯН (кӯҳҳои Саян), кишвари кӯҳиест, ки дар қисмҳои ҷанубии кишвари Красноярск ва вилояти Иркутск, қисми …