Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РЕЗОНАТОР

РЕЗОНАТОР

РЕЗОНАТОР (аз лотинӣ гезопаго — аксандоз кардан), системаеро гӯянд, ки дар он ҳодисаи резонанс ба амал меояд. Агар ба Резонатор қувваи берунаи тағйирёбанда таъсир кунад, дар он лаппишҳои маҷбурӣ ҳосил мегарданд. Резонаторҳо акустикӣ, электромагнитӣ ва ғайра мешаванд. Тор, камертон, мембрана ва ғайра мисоли Резонатори акустикии оддӣ шуда метавонанд. Контури лаппиш оддитарин Резонатори электромагнитӣ аст. Барои мавҷҳои басомадашон фавқулбаланд аа Резонатори сарбаста ва барои мавҷҳои диапазони миллиметрӣ, субмиллиметрӣ, оптикӣ ва радиомавҷҳо аз Резонатори кушод истифода мебаранд.

 

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …