Маълумоти охирин
Главная / Илм / РЕЗОНАНС

РЕЗОНАНС

rezonans

РЕЗОНАНС ( аз лотинӣ гезопо — аксандоз мекунам), дар ягон контури лаппиш (электрӣ, механикӣ) ба ҳадди меҳин (максималӣ) расидани амплитудаи лаппиши маҷбурист. Ҳодисаи Резонанс ҳангоми ба ҳам мувофиқ омадани басомади хоси системаи лаппанда ва басомади таъсири беруна ба амал меояд.

Хати каҷи резонансие, ки ба басомади таъсири беруна ва басомади хоси системаи лаппанда вобаста будани амплитудаи лаппишро ифода мекунад.

Дар табиат ҳодисаи Резонанс  тез-тез мушоҳида мешавад. Онро дар техника бисёр истифода мебаранд. Бисёр иншоот ва мошинҳо лаппишҳои  хосро ба вуҷуд меоранд, бинобар он таъсироти даврии беруна боиси Резонанси онҳо гардиданаш мумкин аст; масалан, ҳангоми аз ҷои пайвастшавии релси роҳи оҳан гузаштани поезд таҳти таъсири зарбаҳои даврии чархҳои он Резонанси кӯпрук ва таҳти таъсири қисмҳои чархзанандаи мошинҳо Резонанси асоси иншоот ё худи мошин ба амал омада метавонад. Дар тамоми ҳолатҳо Резонанс ба фаври зиёд шудани амплитудаи лаппишҳои маҷбурии ҳамаи қисмҳои иншоот ва ҳатто ба вайроншавии он оварда мерасонад. Барои бартараф намудани чунин таъсири номатлуби Резонанс  ҳодисаи антирезонансро истифода мебаранд ё худ системаи лаппандаро чунин интихоб мекунанд, ки басомадҳои муқаррарии лаппиши он аз басомади имконпазири таъсироти беруна ба куллӣ фарқ кунанд. Дар баъзе ҳолатҳои дигар Резонанс фоида дорад, масалан, дар радиотехника Резонанс  яке аа усулҳои асосиест, ки он аз сигналҳои радностансияҳон гуногун (халалрасонанда) ҷудо кардани сигнали як стансия (лозима)-ро имконпазир мегардонад.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …