Маълумоти охирин

РЕЗИНА

РЕЗИНА (аз лотинӣ зифт) вулканизат, маҳсулоти эластикиест, ки дар натичҷаи вулканизатсияи каучук ҳосил мешавад. (нигаред, Каучук). Дар саноат Резинаро аз омехтаи резиние ҳосил мекунанд, ки ба ғайр аз каучук ва моддаҳои вулканизатсиякунанда боз пластификатор, стабилизатор, пуркунанда ва дигар моддаҳои зарурӣ дорад.

rezina

Вобаста ба шароити истифода Резина якчанд хел мешавад: Резинаҳои таъиноти умумӣ, гармибардор, хунукитобовар, ба таъсири равған, бензин, кислотаю ишқорқо ва радиатсия устувор. Резинаҳои ноқили электрӣ ва диэлектрӣ низ мавҷуданд.

Саноати истеҳсоли Резина  барои бисёр соҳаҳои хоҷагии халқ деталу ҷиҳозҳои гуногун месозад. Резина  ягона материалест, ки барои сохтани резинаи чархи (шинаи) мошину трактор истифода мешавад. Аз Резина  лентазои конвейерӣ, тасмақои техникӣ, дастпӯшак, пойафзол ва дигар ашёҳо тайёр мекунанд. Инчунин аз Резина  изо-лятсияи симҳои электр, рӯйпӯшҳои эластикии электргузарон, клапанҳои дил, найчақои хунгузаронӣ, деталҳои аппаратҳои наркоздиҳӣ ва ғайра месозанд. Дар ҷаҳон соле зиёда аз 20 миллион тонна Резина истеҳсол мешавад; 50%-и он барои истеҳсоли резиначархи автомобил ва 22%-аш барои тайёр кардани маснуоти техникии резинӣ сарф мегардад.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …