Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РЕЗЕРВУАР

РЕЗЕРВУАР

РЕЗЕРВУАР (франсавӣгезегуои, аз лотинӣ гезегуо — нигоҳ медорам), зарфҳои калонҳаҷмеанд барои нигоҳ доштани моеъот (об, нефт ва маҳсулоти он, маҳлулҳои технологӣ ва ғайра) ва газҳо. Резервуарҳоро рӯизаминӣ ва зеризаминӣ аз оҳан, оҳанубетон, чӯб (барои истифодан кӯтоҳмуддат) шаклаш силиндрӣ, призмавӣ, куравӣ месозанд. Шакли силиндриаш бештар маъмул аст.

rezervuar

Дар системаи таъмини об бештар Резервуарҳое истифода мешаванд, ки аз масолеҳи бинокории маснӯъ тайёр карда шудаанд. Резервуарҳои ҳаҷмашон то 2—3 ҳазор м3-ро (барои об) мудаввар ва беш аз 5— 6 ҳазор м3-ро росткунҷа сохтан сарфаноктар мебошад. Вобаста ба таъинот ва навъи моддаи захирашаванда Резервуарҳоро на гармиву намӣ изолятсия на-муда, девораҳои даруниашонро рӯкаш мекунанд (масалан, бо масолеҳи кислотабардор). Резервуарҳо бо ғулбаҳои дохилу хориҷ, сарпӯшҳо, гиро  нардбонҳо, гармкунак, клапанҳои муҳофиз, олоти софкорӣ, арматура, савиясанҷҳо ва ғайра ҷиҳозонида мешаванд. Нигаред, Гаванбор.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …