Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / «РЕЗЕРВҲОИ МЕҲНАТӢ»

«РЕЗЕРВҲОИ МЕҲНАТӢ»

«РЕЗЕРВҲОИ МЕҲНАТӢ», ҷамъияти умумииттифоқии ихтиёрии спортист, ки хонандагон ва коркунони системаи таълими касбҳои техникиро муттаҳид менамояд. Соли 1943 дар назди Саруправленияи резервҳои меҳнатии Совети КомиссарониХ алқ Союз Советских Социалистических Республик СССР барпо гардида, соли 1959 мустақилона ба Ҷамъияти ихтиёрии спортӣ табдил ёфт.

kadr

Соли 1955 дар назди Управленияи резервҳои меҳнатии Тоҷикистон шуъбаи спорт кушода шуд ва соли 1957 баъди таъсиси Комитети давлатии таълими касбҳои техникии Совети Вазирони Тоҷикистон ба Совети республикавии ҷамъияти ихтиёрии спортии «Резервҳои меҳнатӣ» табдил ёфт. Ҷамъияти зикршуда 72 коллективи физкултурӣ дорад, ки он бештар аз 29 ҳазор варзишгарони системаи маълумоти касбҳои техникиро дар бар мегирад. Он дар давоми мавҷудияти худ қариб 96 нафар устоди спорти Союз Советских Социалистических Республик СССР, номзадҳо ба устодӣ ва бисёр разряддорон тайёр намудааст (1980).

Соли 1980 дар ин ҷо бустоди спорт, 32 номзад ба устодӣ, 22 ҳазор разряддорони якуму оммавӣ тайёр карда шуданд. Тақрибан 19 ҳазор нафар нормаи Готов Труду Обороне ГТО-ро иҷро карданд. Дар « Резервҳои меҳнатӣ » 17 намуди спорт мавҷуд аст. Он дорои 127 майдончаи волейболу баскетбол, 17 майдони футболбозӣ, 5 зали туби дастӣ, 7 ҳавзи шиноварӣ, 29 толори спортӣ, пайраҳаҳои варзиши сабук, 27 иншооти тирандозӣ, базаи камонкашӣ (1980) ва ғайра мебошад. Устодони спорти Союз Советских Социалистических Республик СССР Н. Кароматов (гӯштин), В. Лукин (заврақронӣ), Ю. Василик (велосипедронӣ), Антонов Д. (заврақронӣ), Китова Л. (вар-зиши сабук) ва дигар ғолибони мусобиқаҳои умумииттифоқию байналхалқианд.    А. Раҳимов.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …