Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РЕЗЕРФОРД Эрнест

РЕЗЕРФОРД Эрнест

rez-ernest

РЕЗЕРФОРД (Ни1Ьег!огс1) Эрнест (30. 8. 1871, Брайтуотер, Зеландияи Нав —19. 10. 1937, Кембриҷ), физики англис. Аъзои Ҷамъияти подшоҳии Лондон (1903). Барои хизматҳои шоёни илмӣ рутбаи лорд Нелсонро гирифт (1931).

Соли 1894 Университети Крайстчерч (Зеландияи Нав)-ро хатм кард. Резерфорд солҳои студентӣ роҳҳои истифодаи мавҷҳои электромагнитиро дар телеграфия тадқиқ кард ва детектори магнитии лаппишҳои электромагиятӣ сохт. Баъди хатми университет дар лабораторияи Кавендиш кор кард ва он ҷо бо роҳбарии Ҷ. Ҷ. Томсон просесси ионизатсияи газҳоро омӯхт, ба тадқиқи ҳодисаи радиоактивият шурӯъ намуд. Дар кафедраҳои физикаи университетҳои Монреал (1897) ва Манчестер (1907) кор кард. Соли 1919— 87 профессори Университети Кембриҷ ва директори лабораторияи Кавендиш.

Резерфорд асосан ядрои атомро тадқиқ кардааст. Резерфорд афканишоти моддаи радиоактивро тадқиқ карда, нишон дод, ки ҳомили қисми асосии энергия зарраҳои дохилиатомӣ мебошанд. Резерфорд  муқаррар намуд, ки афканишоти корпускулярӣ аз ду ҳисса, яъне ба истилоқ а-шуоъ ва р-шуоъ иборатанд. Резерфорд нишон дод, ки Ц-шуоъ сели электронҳо ва а-шуоъ атомҳои гелий мебошанд. Соли1900 маҳсули костани радийро кашф намуд, ки он минбаъд эманасия нои гирифт.          Резерфорд  соли 1903 якҷоя бо радиохимики англис Ф. Содди назарияеро пеш ниҳод, ки мувофиқи он ҳодисаи радиоактивият чун ҳодисаи худ аз худ вайроншавии атоми модда шарҳ ёфт. Резерфорд  соли 1908 барои ин кашфиёташ Мукофоти нобелӣ гирифт. Резерфорд  пароканиши а-зарраҳоро (ҳангоми аз модда гузаштанашон) омӯхта, хулоса баровард, ки дар маркази атомҳо ядрои гаронвазни мусбатзаряднок ҷойгир аст. Соли 1911 ӯ модели сайёравии атомро пеш ниҳод: дар марказ — ядрои мусбатзаряд ҷойгир асту дар атрофи он аз рӯи мадор электронҳои манфизаряд ҳаракат мекунанд.

Дар асоси ин, соли 1913 Н. Бор назарияи атом ва спектрҳоро бунёд кард. Соли 1919 Резерфорд  бори аввал нишон дод, ки элементҳоро ба таври сунъӣ ҳам вайрон кардан мумкин аст. Резерфорд  атомҳои нитрогенро бо а-зарраҳои фавқуссуръат бомбаборон карда дид, ки онҳо ба атомҳои оксиген табдил ёфтаанд. Дар ин вақт ядроҳои фавқуссуръати гидроген, ки бо таклифи Резерфорд  протон номида шуданд, парида рафтанд. Соли 1921 мавҷудияти зарраи хунсо — нейтронро ҳам пешгӯӣ кард.

Резерфорд  ташкилотчии боистеъдоде буд; як гурӯҳ физикҳои маъруф (аз ҷумла П. Л. Каписа ва Ю. Б. Харитон) шогирдони ӯянд. Аъзои бисёр академияҳои илмӣ, аз ҷумла аъзои фах-рии Академияи Фанҳои Союз Советских Социалистических Республик СССР буд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …