Маълумоти охирин
Главная / Илм / РЕВМАТОЛОГИЯ

РЕВМАТОЛОГИЯ

РЕВМАТОЛОГИЯ (аз юнонӣ гЬеиша-115108 — шоридан, луоб ва …логия), тарбодшиносӣ, як қисмати илмӣ тиб буда бемориҳои тарбодӣ (дарди системавии бофтаҳои пайвасткунанда — тарбод, склеродермия ё дағалпӯстӣ, дерматомиозит ва ғайра), артритҳо (артрити тарбодӣ), остеоартрозҳо ва ғайраро меомӯзад. Бо масъ-алаҳои Ревматология клинисистҳо, морфологҳо, иммунологҳо, биохимикҳо, физиологҳо, радиологҳо ва дигар мутахассисон машғуланд. Ревматология бо нефрология, кардиология, гематология, пулмонология ва дигар қисматҳои тиб алоқаи зич дорад.

revmatology

Дар таърихи тиб Буқрот аввалин шуда газаки буғумҳоро тавсифи илмӣ додааст. Истилоҳи «ревматизм»-<ро барои ифода кардани бе-мориҳои гуногуни аъзои такяю ҳаракат дар асри 2. Ҷолинус ба илми тиб дохил намуд. Аз асри 19 тарбодро аз дигар касалиҳои аъзои ҳаракат ҷудо меомӯхтагӣ шуданд. Солҳои 30 асри 19 асосгузорони Ревматологияи муосир — олимони франсавӣ Ж. Б. Буйо ва рус Г. И. Соколский алоқаи байни полиартрит ва иллати дилро муайян карданд. С. П. Боткин аввалин шуда сироятӣ будани тарбодро ошкор сохт. Г. М. Малков мавқеи стрентококкҳо ва газаки бодомакҳои гулӯро дар инкишофи тарбод нишон дод. Дар асри 20 этнологияи (сабаби пайдоиши) стрептококкии тарбод исбот гардид (олими америкоӣ А. Ф. Коберн, олимони советӣ Н. Д. Стражеско, Г. Ф. Ланг ва дигар). Дар асоси тадқиқоти олимони советӣ В. Т. Талалаев, Н. Д. Стражеско, М. П. Кончаловский ва олими немис Ф. Клинге назарияи аз аллергия пайдо шудани тарбод ба миён омад. Олими советӣ А. А. Кисел усулҳои ташхиси тарбоди бачагонро пешниҳод намуд. Ревматологи амерлкоб Ф. С. Хенч (1950) дар табобати бемориҳои тарбодӣ истифода бурдани кортикостероидҳоро тавсия кард.

Дар нимаи дуюми асри 20 дар натиҷаи ба кор бурдани усулҳои иммунологӣ ва биохимиявӣ, биопсияи пардаҳои зулолӣ (синовиалӣ), гурда, пӯст ва ғайра Ревматология  ба муваффақиятҳои калон ноил гардид. Алҳол дар Ревматология  усулҳои тадқиқи вирусологиро истифода карда, мубодилаи кислотаҳои нуклеат, вайроншавии иммунитети гуморалӣ ва ҳуҷайравиро мёомӯзанд. Ҷорӣ намудани усулҳои табобати иммунодепрессивӣ (истифодаи кортикостероидҳо ва ғайра) боиси хеле кам шудани бемориҳои тарбодӣ гардид.

 

Дар натиҷа Ревматология  ба соҳаи мустақили тиб табдил ёфт. Дар бисёр мамлакатҳо оид ба проблемаҳои Ревматология  институтҳои тадқиқоти илмии махсус ташкил шудааст (масалан, Институти тарбодни Академияи Илмҳои Тоҷикистон Союз Советских Социалистических Республик СССР дар Москва, Институти бемо-риҳои тарбодӣ дар Прага, Институтҳои Ревматология дар Варшава ва Белград, Институти тарбод дар Лондон ва ғайра). Комитети умумииттифоқии зидди тарбодӣ, ки соли 1928 ташкил шуда буд, соли 1964 ба Ҷамъияти умумииттифоқии ревматологҳо табдил ёфт. Ин ҷамъият аз соли 1928 ин ҷониб узви ҳайати Лигаи байналхалқии муборизаи зидди тарбод (таъсисаш 1928) аст. Дар Союз Советских Социалистических Республик СССР аз соли  1961 журнали «Вопросы ревматизма» нашр мешавад.

Адабиёт: Стрӯков А. И., Бегларян А. Г.. Патологическая анатомия и патогенез коллагеновых болезней, Москва, 1963; Тареев Е. М., Коллагенозы, Москва, 1965; Нестеро» А. И., Сигидин Я. А., Клиника коллагеновых болезней, Москва, 1966; Астапенко М. Г.. П и х-лак Э. Г., Болезни суставов. Москва, 1966; Грицман Н. Н., Поражение сердца при коллагеновых заболеваниях, Москва. 1971.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …