Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / РЕВИЗИОНИЗМ

РЕВИЗИОНИЗМ

РЕВИЗИОНИЗМ (аз лотинӣ геу1310—аз нав дидабароӣ), як ҷараёни оппортунистиест дар ҳаракати револютсионии коргарӣ ва коммунистии ҷаҳон, иқдоми ғайриилмиест дар роҳи «аз нав дида баромадани» марксизм-ленииизм бо баҳонаи эҷодкорона аз худ намудани ҳодисаҳои нави воқеияти иҷтимоию сиёсӣ.

Ревизионизм ба рост ва «чап» тақсим мешавад. Ревизионизми рост таълимоти марксизм-ленинизмро ба ақидаҳои буржуазии ислоҳотчигӣ, Ревизионизми «чап» бошад, ба дастурҳои анархистӣ, волюнтаристӣ ва ғайра иваз мекунад. Ҳамчун ҷараёни ғоявии сиёсӣ солҳои 70 асри 19 дар дохили партияи сотсиал-демократии Германия пайдо шудааст. Идеологҳои он Э. Бернштейн, И. Хёхберг, К. Шрамм ва дигар аз паи аз нав дида баромадани назарияи револютсионии Карл Маркс ва Фридрих Энгелс шуданд. Аз охири асри 19 ва ибтидои асри 20 сар карда Ревизионизм  дар ҳаракати сотсиал-демократҳои Германия, Франсия, Австро-Венгрия. Россия ва дигар мамлакатҳо низ паҳн гардид. Ревизионизм илмӣ будани материализми диалектикиро инкор карда, барои сотсиализми илмиро ба кантчигию махизм ва ғайра пайвастан кӯшиш мекунад. Зарурати таърихии муборизаи синфӣ, револютсияи сотсиалистӣ ва диктатураи пролетариатро дар замони гузариш аз капитализм ба сотсиализм, мақоми роҳбаронаи партияи коммунистиро инкор карда, мақоми демократияи буржуазӣ ва ислоҳотро дар тағйир додани сохти мавҷудаи капитализм ба пояи баланд мебардорад. Баъди шикасти Интернатсионали 2 (1914) ҳаракати коргарӣ ба ду тақсим мешавад: рост — қисми сотсиал-ислоҳотчигӣ ва «чап» — қисми револютсионӣ, ки минбаъд бо ҳара-кати байналхалқии коммунистӣ як шудааст. Баъди ғалабаи Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр (солҳои 20—40) Ревизионизми рост ва «чап» («коммунизми чап») дар ҳаракати байналхалқии коргарӣ амал мекунанд. Солҳои 50 Ревизионизм аз баъ-зе мушкилиҳои инкишофи ҳаракати байналхалқии коммунистӣ истифода бурда, барои ҳаракати револютсионии синфи коргарро ба роҳи ислоҳотчигӣ равона кардан кӯшидааст. Барои ягонагии ҳаракати байналхалқии коммунистӣ Ревизионизми рост хавфи калон дорад, зеро он аксаран дар зори ниқоби марксизм баромад мекунад. Солҳои 60 ва 70 Ревизионизм дар ҳаракати коммунистӣ фаъолияти худро «аз чап» зоҳир кард. Идеологияи ревизионистии чапро махсусан таълимотҳои майдабуржуазию шовинистӣ ва зидди советӣ васеъ истифода бурда, аз чиҳати назариявӣ аз нав санҷидаи қисмҳои таркибии марксизм-ленинизмро талаб менамояд. Дар замони ҳозира Ревизионизми рост аз рӯи методология умуман бар зиддӣ таълимоти марксизм-ленинизм баромада, зарурати револютсияро инкор ва дар ҳалли антагонизми ҷаҳонии империализм «роли ҳалкунанда»-и ислоҳотҳои капиталистӣ ва револютсия илмию техникиро васеъ тарғиб менамояд.

Ин ақида дар асарҳои О. Шик, Н. Свитак ва ғайра (Чехословакия), Р. Гароди (Франсия), Э. Фишер, Ф. Марек (Австрия) равшан ифода ёфтааст. Ревизионизми рост қонуниятҳои хусусиро ба дараҷаи мутлақ мебардорад ва модели бисёршаклаи сохтмони со-тсиализмро (мувофиқи хусусиятҳои илмӣ) пешниҳод мекунад. Ҳаракати револютсионии байналхалқии коргарӣ ва коммунистӣ бар зидди Ревизионизми ҳам рост ва ҳам «чап», ки барои аз ҷиҳати назариявӣ беяроқ кардани синфи коргари байналхалқӣ ва дар рӯҳи ислоҳотчигӣ ё анархизм тарбия кардани он кӯшиш менамояд, муборизаи оштинопазир мебарад.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …