Маълумоти охирин
Главная / Биология / РЕТИКУЛОСАРКОМА

РЕТИКУЛОСАРКОМА

РЕТИКУЛОСАРКОМА, яке аз намудҳои саркома; омоси бадзотест, ки аз ҳуҷайраҳои хунофари мағзи устухон ва ғуддаҳои лимфа (номи кӯҳнааш лимфосаркома), бодомакҳои гулӯ ва баъзан бофтаи лимфавии узвҳои дарунӣ сар мезанад.

retikulosar

Ҳуҷайраҳои Ретикулосаркома зоҳиран ба ҳуҷайраҳои тӯршакли мӯътадил монанданд. Фарқашон дар он аст, ки дар бофтаи Ретикулосаркома нахҳои нуқрахоҳ (озманди нуқра) хеле бисёранд. Ҳамаи намудҳои Ретикулосаркома тез авҷ мегиранд ва ба воситаи роҳҳои лимфаю хун зуд паҳн мешаванд. Ретикулосаркомаи маъмул — р е т и к у- лосаркоматоз аз рӯи хусусиятҳои клиникӣ аз лейкоз фарқ намекунад. Ретикулосаркомаро бо дору ва таъсири шуоъ муолиҷа мекунанд.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …