Маълумоти охирин
Главная / Техника / РЕССОРА

РЕССОРА

РЕССОРА (франсавӣ. геззогк—чандирӣ), ҷиҳози чандире дар мошинҳои боркашон, ки таконҳои аз ноҳамвориҳои роҳ пайдошударо фурӯ менишонад ва таъсири борро ба узвҳои гашт (ғилдирак, тасмачарх ва ғайра) мегузаронад. Рессораҳои металлӣ, гидравликӣ ва пневматикӣ мавҷуданд.

leafs1
Рессораҳои металлӣ маъмултаранд ва дар навбати худ ба Рессораҳои варақа ((расм), торсионӣ ва пружинӣ ҷудо мешаванд. Рессораи варақа аз дастаи варақаҳои пӯлодии обутобёфтаи дарозиашон гуногун иборат аст, ки ҳангоми таъсири бор чун болори чандир хам мешаванд. Рессораи пружинӣ аз як ё чанд пружинаҳои винтии дарун ба дарун ё болоиҳам сохта шудааст. Рессораи торсионӣ аз милаи пӯлодии чандири дароз иборат буда, асосан ба чархҳои пе-ши автомобил гузошта мешавад. Аксаран Рессораҳои муштарак (варақа ва пружинӣ)-ро ба кор мебаранд. Дар Рессораҳои гидравликӣ моеъ аз комаи як силиндр ба қомаи силиндри дигар тавассути сӯрохҳои калибронидашуда мегузарад. Дар Рессораҳои пневматикӣ бошад, хусусиятҳои чандирии газ ё ҳаво истифода мешавад.

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайҳониро гӯянд, ки сатҳи баранда дорад ва бисёркарата …