Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Республикаи Малта

Республикаи Малта

Республикаи Малта – давлат дар галаҷазираи Малта, дар қисми марказии баҳри Миёназамин. Масоҳаташ— 316 км². Аҳолиаш 430 ҳазор нафар (2017). Пойтахташ шаҳри Валлетта. Малта— республика (аз декабри 1974). Сардори давлат — президент. Органи қонунгузор — Палатаи намояндагон. Ҳокимияти иҷроия ҳукумат буда, ба парламент ҳисобот медиҳад.
Табиат. Соҳилҳои ҷануб ва ҷанубу ғарбии ҷазираи Малта пасту баланд буда, ғорҳои зиёде дорад; қисми шимол ва шимолу шарқии он аз бандарҳои паст иборат аст. Ҷазираҳо аз оҳаксангу гил таркиб ёфтаанд.

Малта

Релефаш аз пуштакӯҳҳои карстӣ иборат аст, ки баландиаш ба 240 метр мерасад (дар ҷазираи Малта). Иқлимаш баҳри миёназаминист. Ҳарораташ миёнаи феврал 12° С; августи 25° С; боришоти солона қариб 530 мм. Дарё надорад. Набототи ксерофитни навъи баҳримиёназаминӣ бештар мерӯяд. Олами ҳайвоноташ камбағал аст.

Аҳолӣ. Қариб 98% аҳолиро сокинони маҳаллӣ — малтонҳо ташкил медиҳанд, ки забонашон ба халқҳои араби Африкаи Шимолӣ хеле наздик аст. Англисҳо ва пталиявиҳо низ зиндагӣ мекунанд. Забонҳои расмӣ — малтой ва англисӣ. Дини ҳукмрон — масеҳия. Аҳолӣ хеле зич аст: дар 1 км² 1000 нафар 87% аҳолӣ дар шаҳрҳо зиндагӣ мекунад. Шаҳрҳои калонаш: Слима, Валлетта.
Маълумоти таърихӣ. Аввалин қасабаҳои аҳолинишин дар ҳазораи 4 то мелод пайдо шудаанд. Малта дар давраҳои қадим тобеи финикиҳо, карфагениҳо ва римиҳо буд. Асрҳои 6—9 ба ҳайати империяи Византия дохил буд. Ҳукмронии бардавоми арабҳо (870—1090) ба хоҷагӣ, маданият ва забони аҳолӣ таъсири калон расонд. Соли 1530 Малтаро норманиҳо забт намуда, ба Сицилия ҳамроҳ карданд. Соли 1530 Малта ба ихтиёри ордени Иоанн (ордени Малта) гузашт. Онро аввал Наполеон (1798), сипас Британияи Кабир (1800) забт намуда, соли 1802 мустамликаи худ гардонд. Баъди ба кор даромадани канали Сузс (1868) аҳамияти стратегии Малта хеле афзуд.

МАЛТА ДАР ХАРИТА

Малта дар баҳри Миёназамин ба базаи пуриқтидори ҳарбии баҳрии Британияи Кабир табдил ёфт. Дар натиҷаи пурзӯр шудани ҳаракати озодихоҳии аҳолӣ Британияи Кабир маҷбур шуд, ки солҳои 1929—30 ва 1947—59 худидоракунии Малтаро эътироф кунад. Соли 1962 Британияи Кабир бори дигар худидоракунии Малтаро эътироф намуд. 21 сентябри 1964 Малта дар доираи Иттиҳоди Британияи Кабир мустақил гардид ва худи ҳамон сол ба ҳайати ТДМ қабул шуд. Мамлакат аз ҳукмронии мустамликавии англисҳо зарари калон дид. Сиёсати иртиҷоии ҳукумати Партияи миллӣ, ки бар хилофи манфиатҳои миллии халқи Малта буд, боиси эътирози халқ гардид.

Дар натиҷаи интихоботи умумии соли 1971 Партияи лейбористӣ ба сари ҳокимият омада, барои мустаҳкам намудани истиқлоли Малта як қатор тадбирҳо андешид. Соли 1972 байни Малта ва Англия шартномаи нав баста шуд, ки он мӯҳлати иҷораи территория дар ихтиёри базаҳои ҳарбии баҳрии Англия будаи Малтаро боз 7 сол дароз кард. Дар айни замон ҳукумати Малта муносибати худро бо як қатор мамлакатҳои хориҷӣ фаъолтар намуд. Соли 1972 дар Малта пункти ахборотии ТАСС кушода шуд.

Хоҷагӣ – Иқтисодиёти Малта хеле заиф аст. Дар иқтисодиёти он капитали хориҷӣ, пеш аз ҳама Англия, ҳукмрон аст. Соҳаҳои асосии саноат: хӯрокворӣ ва бофандагӣ. Малта консервҳои меваю сабзавот, шарбат, тамоку, газвор ва матоъҳои пашмину пахтагин, трикотаж истеҳсол мекунад. Baй корхонаҳои хурди пойафзоли чармин, коркарди металл ва ғайра дорад.
Устохонаи калони таъмири киштӣ мавҷуд аст. Дар ҷазираи Малта на макиош ва санги бинокорӣ истеҳсол мекунанд. Дар Малта ҳунарҳои нафис (ҳаккокии нуқраю тилло, тӯрбофӣ) хеле равнақ ёфтааст.

Дар хоҷагии қишлоқ, зироат бартарӣ дорад. Тақрибан дар 50% ҳудуди Малта ғалла (гандум, ҷав), мева (зайтуну ангур) парвариш мешавад; боғдорию гулпарварӣ низ тараққӣ гарда аст. Пахта ҳам мекоранд. Аз чорвои майда бузу хук бештар аст. Мурғ ва харгӯш ҳам парвариш мекунанд. Аз обҳои назди соҳил сардинаю тюлен сайд мекунанд.
Малта роҳи оҳан надорад. Тӯли роҳҳои сангфарш 1,2 ҳазор километр. Бандари асосӣ ва аэропорташ — Лука. Малта ба хориҷа газвор, вино, сабзавот, мева, гул, тухмӣ, пук бароварда, аз он ҷо озуқа, сӯзишворӣ, химикат ва воситаҳои нақлиёт мехарад. Малта бо Британияи Кабир, Италия, РФГ алоқаҳои тиҷоратӣ дорад. Вай аз соли 1971 аъзои «Бозори умумӣ» мебошад. Харчи савдои беруниро аз ҳисоби туризм мебарорад. Воҳиди пул — фунти малта.
Валлетта. Манзараи як қисми шаҳр.
Маориф. Низоми маориф таҳти коргузории англисӣ ташаккул ёфтааст. Системаи маорифи халқ аз зинаи поёнии он — аз муассисаҳои томактабӣ — боғчаи бачаҳо cap мешавад. Бачаҳо аз 5-солагӣ дар мактаби ибтидоӣ таҳсил мекунанд, ки он аз 2 зина иборат аст: 2-сола — барои кӯдакон; 6-сола — мактаби ибтидоӣ. Мӯҳлати таҳсил дар мактаби миёна 7 сол (5 + 2) аст. Таълими ҳатмӣ — аз 6 то 16-солагӣ. Мактабҳои ибтидоию миёна давлатӣ ва хусусианд. Соли таҳсили 1973/1974 дар мактабҳои ибтидоии давлатӣ 25267 нафар, дар мактабҳои миёнаи давлатӣ 20023 ва дар мактабҳои ибтидоӣ ва миёнаи хусусӣ 15 255 нафар талаба таҳсил мекард. Муаллимони мактабҳои ибтидоию миёнаро асосан мактабҳои миёна тайёр мекунанд. Соли таҳсили 1973/1974-ум 110 нафар хатмкунандагон маълумоти педагогӣ гирифтанд. Университети подшоҳии Валлетта мутахассисони дорои маълумоти олӣ тайёр мекунад. Ғайр аз ин Коллеҷи илмҳои иҷтимоӣ ва табиатшиносӣ ҳам ҳаст.

Китобхонаҳои калон: Китобхонаи Университети подшоҳӣ (1769), Китобхонаи подшоҳии Малта (1955), Китобхонаи оммавии ҷазираи Гоцо (1853). Дар Валлетта аз соли 1903 Музеи миллии Малта вуҷуд дорад.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …