Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Республикаи Парагвай

Республикаи Парагвай

Парагвай (Раraguay), Р е с п у б л и к а и Парагвай (Republica del Paraguay). Парагвай, давлатест дар қисми марказии Америкаи Ҷанубӣ. Дар Шимол ва Шимолу Ғарбӣ бо Боливия, дар Шимолу Шарқ ва Шарқ бо Бразилия, дар Ҷануб,  ва Ғарб бо Аргентина ҳамсарҳад аст. Масоҳати.—406,8 ҳазор км2. Аҳолиаш 3,3 млн. нафар (1981). Пойтахташ шаҳри Асунсон. Аз ҷиҳати маъмурӣ ба 16 департамент ва округи пойтахт тақсим шудааст.

Сохти давлатӣ. Парагвай — республика. Конститутсияи ҳозирааш соли 1967 қабул шудааст. Сардори давлат ва ҳукумат — президент, ки ӯро аҳолӣ ба мӯҳлати 5 сол интихоб мекунад. Дар назди президент Совети давлатӣ амал менунад, ки он ҳуқуқи машваратӣ дорад. Органи олии қонунбарор — Конгресс, ки он аз сенат ва палатаи депутатҳо иборат аст. Сис­темаи судӣ: Суди олӣ, судҳои аппелятсионӣ ва ғайра.

Табиат. Қисми марказии Парагваёро паст­хамии аллювиалии дарёи Парагвай ишғол кардааст. Дар Ҷанубу Шарқ паҳнкӯҳи Бразилия, дар Шимолу Ғарбии ҳамвории Гран-Чако воқеъ гардидаанд. Терр. мамлакат дар цисми чан. гароии платформам Бразилия цой гирифтааст. Иқлимаш тропики. Ҳарорати миёнаи июл 17—19°, январ 27—29°С. Боришоти солона 700—2000 мм. Дарёҳои калонаш: Парана на Парагвай. Кӯлҳои хурди бисёраш аксар шуробанд. Хоки қисми шарқи мамла­кат сурхи ферролитӣ. Хоки марказ марғзорй, хоки қисми ғарбӣ сурхи ҷигарӣ. Аз нисф зиёди территорияи Парагвайро беша пӯшидааст. Дар соҳилҳои дарёи Парагвай ботлоқ бисёр аст. Олами ҳайвонаташ бой ва гуногун (тапир, гуроз, сағобӣ, кашафпушт, оҳу ва ғайра); парранда ва мори зиёде дорад.

Аҳолӣ. Аҳолии асосии мамлакат парагваиҳоянд. Қариб 30 ҳазор ҳиндиҳо ҳастанд. Муҳоҷирони хориҷӣ низ зиндагӣ мекунанд. Забони расмӣ — испанӣ, Аксарияти аҳолӣ ба забони гуаранӣ гуфтугӯ мекунад. Дини дав­латӣ — католикӣ. Шаҳрҳои калан: Асу­нсон, Энкарнасон, Консепсон, Виляррика, Пилар.

Маълумоти таърихй. Аз давраҳои қадим дар территорияи Парагвай қабилаҳои сершумори ҳиндӣ зиндагӣ мекарданд. Қабилаи гуаранӣ дар шарқи мамла­кат, қабилаҳои тоба, мокови, матако дар ноҳияҳои Чако маскан карда будаад. Ҳамаи ин қабилаҳо дар зинаҳои гуногуни сохти ҷамоаи ибтидоӣ буданд. Дар нимаи дуюми асри 16 мустамликадорони Испания ба забти ин сарзамин сар карданд. Аввал Парагвай ба ҳайати шоҳии Перу дохил шуд, дар а. 17 губернатории мустақил гардид. Дар асри 18 дар мамлакат ҳунарманд, савдо, муносибатҳои молию дунӣ инкишоф ёфтанд. Парагвай аз соли 1776 музофоти шоҳии Ла-Плата.

Дар натиҷаи шӯриши моҳи май 1811 Парагвай истиқлол гирифт ва дар мамлакат хунтаи револютсионӣ барпо гардид. Соли 1814 ба сари ҳокимият X. Г. Франсиа омада, диктатураи худро пойдор кард. Ӯ ба заминдорони миёна, хурд ва буржуазияи миллӣ такя намуда, як қатор дигаргуниҳои буржуазӣ- демократӣ гузаронд. Соли 1844 конституцтсияи аввалин қабул карда шуд. Баробари инкишофи муносибатҳои капиталистӣ структураи ҷамъияти синфӣ ҳам тағйир ёфт. Дар Парагвай синфи коргар ба вуҷуд омад.

Солҳои 1864—1870 нисфи территорияи мамлакатро Ар­гентина ва Бразилия забт карданд. Конститутсияи соли 1870 ҳокимияти помешикони иртиҷоӣ ва буржуазияи тиҷоратиро мустаҳкам намуд. Ба иқтисодиёти мамлакат хориҷиён роҳ ёфтанд. Соли 1887 Партияи либералӣ ташкил шуд, ки он манфиатҳои бур­жуазия ва деҳқононро ҳимоя мекард. Латифундистони калон ва ҳарбиён дар Ассотсиатсияи миллии республикавӣ («Колорадо») муттаҳид шуданд. Дар давраи Ҷанги якуми ҷаҳонӣ Парагвай худро бетараф эълон кард. Зери таъсири Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр дар Парагвай бар зидди зулми оли­гархия ва империализми хориҷӣ ҳаракати студентон ва коргарон авҷ гирифт.

Солҳои 20 аввалин гурӯҳҳои коммунистӣ ташкил шуданд. Соли 1928 Партии Коммунистии Парагвай таъсис ёфт. Рақобати монополияи нефти Англия ва ШМА ба ҷанги Парагвай ва Боливия сабаб шуд. Дар давраи Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар Парагвай соҳаҳои нави саноат ба вуҷуд омаданд, флоти тиҷоратӣ ташкил шуд. Моҳи феврали 1945 Парагвай ба Германия ва Япония ҷанг эълон кард. Дар солҳои ҷанг аҳволи меҳнаткашон хеле бад шуд. Апрели 1944, январи 1945 дар Асунсон корпартоии умумӣ шуда гузашт. Дар шароити болоравии ҳаракати демокра­тӣ дар ҷаҳон баъди Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар Парагвай баромадҳои зиддиҳукуматӣ ба амал омаданд. Июни 1945 дар қисмҳои гарнизони пойтахт исён сар шуд, ки онро меҳнаткашон, буржуазияи хурд, зиёиёни демократ дастгирӣ карданд, сардори ҳукумат— генерал И. Мориннго аз исён ба ҳарос афтода ба фаъолияти баъзе пар­тияҳо иҷозат дод, селзураро маҳдуд кард.

Дар миёнаи соли 1946 ҳукумати коалитсионӣ ташкил шуд, ки он озодиҳои гражданиро барқарор намуд. Январи 1947 Мориниго бо дастгирии «Колорадо» табаддулоти давлатӣ кар­да, тамоми ҳокимиятро аз сари нав ба дасти худ дароварду ба муқобили демократҳо террори хунин сар кард. Ҳаракати нави эътироз сар шуда он ба шӯриши яроқнок ва баъд баҷчан­ги граждалнӣ табдил ёфт. Апрели 1947 маллоҳон ва киштисозои шӯриш бардошта моҳи август Асунсонро ба ҳалқа гирифтанд. Ҳукумати Моринн­го бо ёрии ҳарбии Аргентина ва ШМА қувваҳои демократиро ба хун оғушта кард. Партияҳои оппозидионӣ нобуд карда шуданд. Ҳазорон ҳазор душманони тартибот ба лагерҳои консентратсионӣ партофта шу­данд, бисёриҳо ба дигар давлатҳо ҳиҷрат ё ба пинхонкорӣ гузаштанд.

Мориниго барои нигоҳ доштани ҳокимият муваффақ шуд, аммо мухолифат дар роҳбарияти «Колорадо» борҳо ба саъю кӯшиши ба амал баровардани табаддулоти давлатӣ сабаб шуд. Июни 1948 ҳукуматти Мо­риниго сарнагун шуд; дар 2 соли минбаъда дар мамлакат 4 ҳукумат иваз шуд. Сентябри 1949 яке аз роҳбарони «Колорадо» — Ф. Ҷавес прези­дент интихоб гардид. Ҷавес бо даст­гирии Аргентина ва бо иштироки монополияҳои Британияи Кабир куӯшиши аз тарафи «Колорадо» ва пар­тияи оппозитсионӣ ба амал баровардани табаддулоти давлатиро барҳам дод. Ҷавес бо ШМА шартномаҳои ҳарбӣ-сиёсӣ ва бо Аргентина шартномаҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ баст. Май 1954 дар натиҷаи табадду­лоти ҳарбӣ, ки онро сафоратхонаҳои ШМА ва Бразилия дастгирӣ намуданд, ҳукумати Ҷавес сарнагун гардид. Ҳокимиятро хунтаи ҳарбӣ бо сардории сарфармондеҳи қувваҳои мусаллаҳ А. Стреснер ба даст даровард; моҳи июн ӯ президент шуд.

Стреснер дар мамлакат тартиботи диктатураи ҳарбӣ-политсиягиро ҷорӣ кард. Фаъолияти партияҳои оппозитсионӣ, нашри газета ва журналҳои опиозитсионӣ манъ карда шу­данд. Қувваҳои пешқадами мамла­кат — коргарон, зиёиёни пешқадам, студентон, инчунин аҳли дин бар зидди амалиёти зиддиконститутсионӣ ва империализми хориҷӣ баромад карданд. Май — сентябри 1959 дар Асун­сон баромадҳои зиддлҳукуматии студентон рӯй дод. Ба муборизаи яроқноки зидди диктатура Фронти ягонаи озодии миллӣ (1959 дар хо­риҷа барпо шуд) роҳбарӣ кард. Отрядҳои Фронт дар мамлакат ба ама­лиёти партизанӣ гузаштанд. Солҳои 1961, 1964, 1967 корпартоиҳои калони оммавӣ шуда гузашт.

Ҳукумат бо ёрии қувваҳои мусаллаҳ ҳар як ҳаракатро бераҳмона пахш кард. Дар зери фишори оппозитсияи дохилӣ ва хориҷӣ Стреснер аз май 1967 маҷбуран ба фаъолияти партияҳои Ли­бералӣ — радикалӣ, Либералӣ ва Револютсионии фебреристӣ иҷозат дод. Стреснер ба монополияҳои америкоӣ имтиёзҳои васеъ дод. Сарфи назар аз ҷазову фишорп ҳукумат (тақрибан 1 млн нафар парагваиҳо ҳиҷрат кар­данд) халқи Парагвай бар зидди диктатура муборизаи қатъӣ мебарад. Феврали 1973 Стреснер аз конститутсияи соли 1967 қабул кардашуда истифода на­муда, 5-ум бор президент «интихоб» шуд. Доираҳои ҳукмрон сиёсати реаксионии зиддихалқиро давом медоданд, дар мамлакат мисли пештара террор ҳукмрон буд.

Дар айни замон муқобилати қувваҳои демократӣ низ зуртар мегардид. Соли 1980 коргарони корхонаҳое, ки побанди капитали хориҷӣ буданд, инчунин ронандагони автобусҳо, коргарон — бинокорон, бофандагон, коркуноли соҳаи тандурусти ва дигар корпартоӣ карданд. Коммунистон ҳамаи қувваҳои зидди диктатураро барои ташкил намудани фронти васеи миллӣ, ҳукумати муваққатии ҳарбӣ — граждании ягонагии демократӣ ва ватандӯстӣ даъват мекарданд. Августи 1980 дар пойтахти Аргентина Буэнос-Айрес Котиби якуми КМ Партияи Коммунистии Па­рагвай А. Майдана ва яке аз роҳбарони коргарон — бинокорони Параг­вай Э. Роа дуздида шуданд. Қисмати минбаъдан онҳо то ҳол номаълум мебошад. Солҳои 1981—1982 ҳам вазъият ҳеҷ тағйир наёфт. Дар мамлакат мис­ли пештара тартиботи диктатураи Ҳарбӣ — политсиягии Стреснер ҷорист.

Партияҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба. Ассотсиатсияи миллии республикавӣ (партияи «Коло­радо»). Таъсисаш 1887. Партияи ҳукмрон. Манфиатҳои олигархияи помешикӣ, буржуазияи компрадорӣ, офитсерони олирутба ва қисми рӯҳониёни иртиҷоиро ҳимоя мекунад. Пар­тияи либералиӣ Таъсисаш соли 1887. Партияи оппозитсионӣ, легалӣ. Дар айни замон ба 5 фраксия (амалан партияҳоо) ҷудо шудааст. П а р т и я и револютсионии фебрер истӣ. Таъсисаш 1936. Партияи легалии оппозитсионии сотсиал-демократӣ. Партияи х р и с т и а н и -демократӣ. Таъсисаш 1965. Партияи оппозитсионӣ. Ҳаракати халқии «Колорадо». Таъсисаш 1959. Партияи оппозитсионии ғайрилегалӣ. П а р т и я и Коммунистии Па­рагвай (ПКП). Таъсисаш 1928. Дар вазъияти ғайрилегалӣ амал ме­кунад. Конфедератсияи м е ҳ наткашони Парагвай. Таъ­сисаш 1951. Дар Парагвай боз чанд партияю иттифоқҳои касаба вуҷуд доранд.

Хоҷагӣ. Парагвай аз ҷиҳати иқтисодӣ яке аз қафомондатарин давлатҳои Аме­рикаи Лотинӣ мебошад. Соҳаҳои асосии хоҷагии он: чорводорӣ ва ҷангалпарварӣ. Ҳамагӣ 2,1% территорияи барои кишт истифода мешавад. 59,6% территорияи мамлакатро беша пӯшидааст, 34% территория аз чарогоҳ иборат аст. Барои хоҷагии қишлоқи мамлакат заминдории калон хос аст. Помешикон, фирма ва ширкатҳои хориҷи мавқеи мустаҳкам доранд. Мамлакат побаиди капитали хориҷист.

X о ҷ а г и и  қ и ш л о қ. Замин асосан дар дасти латифундистҳо ва ширкатҳои хориҷӣ мебошад. Қариб нисфи дехқонон замин надоранд ва онро бо нархи ниҳоят гарон ба иҷора мегиранд. Соҳаи асосии хоҷагии қишлоқ чорводории айлоқист. Соли 1981 мам­лакат 6 млн сар гов, 27 ҳазор сар хару хачир, 375 ҳазор сар асп, 500 ҳазор гӯсфанд дошт. Талаботи аҳолӣ ба маҳсулоти хӯрокворӣ қонеъ гардонда намешавад. Ҷуворимакка. ма­ниок, инчуннн шолӣ, гандум, батат, лӯбиё кишт мешавад. Тамоку, ҷой, пахта, қаҳва, тунгро барои экспорт парвариш мекунанд. Токдорӣ ва шаробпазӣ тараққӣ кардааст. Аз навъи дарахтони қиматбаҳо чӯбу тахта тайёр мекунанд.

С а н о а т суст тараққӣ кардааст. Корхонаҳо хурду камиқтидоранд. Соҳаҳои асосии саноат: корхонаҳои маҳсулоти гӯшт, чӯбу тахта, фабрикаҳои матои пахтагин ва пашмин, заводҳои истеҳсоли маҳсулоти нефт ва семент, корхонаҳои истеҳсоли равғани тунг, иорҷил, эфир, нӯшокиҳои спиртдор ва беспирт, фабрикаҳои тамоку, заводҳои қанд. Янчанд ГЭС дорад. ГЭС-и калонаш «Акарай» дар дарёи Акарай бунёд ёфта, соли 1969 ба кор даромадааст. Бо ҳамкории Бразилия дар дарёи Парана ГЗС-и «Салтос-де-Гу- айра» сохта шудааст. Нақлиёти асо­сӣ нақлиёти обӣ мебошад. Бандари калонаш— Асунсон. Тӯли роҳи оҳан 1,3 ҳазор км. Дарозии роҳи мошингард 8 ҳазор км. (1981). Парагвай ба хориҷа гӯшт, чӯбу тахта, тамоку, равғани тунг ва

норҷил, пахта, чой, қаҳва бароварда, аз хориҷа мошин ва таҷҳизот, воситаҳои нақлиёт, хӯрокворӣ ва ғайра меорад. Шарикони тиҷоратиаш: ШМА, Аргентина, РФГ, Британияи Кабир. Воҳиди пул — гуаранӣ.

Нигаҳдории тандурустӣ. Бино ба маълумоти ташкилоти умумиҷаҳонии нигаҳдории тандурустӣ соли 1971 ба 1 ҳазор нафар аҳолӣ 32.3 таваллуд, 5,6 фавт рост меомад: фавти кӯдакони навзод аз ҳар ҳазор нафар 33,6 кас буд. Сабабҳои асосии фавт: эн­терит ва дигар касалиҳои рӯда, касалиҳои дилу раг, ифлосӣ. Касали­ҳои инфексионии вараҷа, грипп, сурхча, касалиҳои ҷимоӣ, дарди сил, махав бештар паҳн гардидаанд. Соли 1971 дар мамлакат 132 касалхонаи дорои 3,8 ҳазор кат (2,1 кат.ба 1 ҳазор нафар аҳолӣ) буд; 1,3 ҳазор нафар духтур (1 духтур ба 1,6 ҳазор нафар аҳо­лӣ), 383 духтури дандон, 818 фарма­севт ва қариб 1,5 ҳазор корманди дорои маълумоти миёнаи тиб кор мекард.

Маориф. Соли 1973 26% аҳолӣ бесавод буд. Мактабҳои ибтидои 3 хеланд: зинаи поёнӣ (3-сола), миёна (5-сола) ва олӣ (6-сола). Соли таҳсили 1970/71 дар мактабҳои маълу­моти умумӣ 424,2 ҳазор талаба мехонд. Мактаби миёнаи маълумоти умумӣ аз ду зина (мӯҳлати таҳсил 3 сол) иборат аст. Мӯҳлати таҳсил дар мак­табҳои касбҳои техникӣ аз 2 то 6 сол мебошад. Омӯзишгоҳҳои педаго­гии 3-сола муаллимони мактабҳои ибтидоӣ, институтҳои педагогии 2-сола муаллимони зинаи 1-уми мактабҳои миёна таёёр мекунанд. Парагвай 2 университет до­рад: Университети миллии Асунсон (таъси­саш 1890) ва Университети католикии «Нуэстра Сенора де ла Асунсьон» (таъ­сисаш 1960). Соли таҳсили 1972/73 дар университетҳо 6,7 ҳазор студент мехонд. Китобхонаи миллӣ, Музеи миллии санъати нафиса ва ёдгориҳои қади­ма, Музеи табиатшиносӣ, таърих ва этнография дар пойтахт воқеанд.

Матбуот, радио, телевизион. Дар Парагвай 10 газетаи ҳаррӯза мебарояд. Калонтарини онҳо: «Патрия» («Раtria»), аз соли 1946; органи «Колорадо», «Паис» («Еl Pais»), аз 1923; «Трибуна» («La Tribuna»), аз 1925; «Аделанте* («Аdelante»), органи марказии Партияи Коммунистии Параг­вай, ғайрилегалӣ нашр мешавад. Газетаҳои ҳафтаина «Либертад» («La Libertad»), аз 1962, органи Партияи либералӣ; «Пузбло» («El Pueblo»), аз 1964, органи Партияи револютсионии фебреристӣ («франкистӣ»); «Энано» («Еl Enano»), органи Партияи либералӣ-радикалӣ. Телевизион ва радио давлатианд. Парагвай 1 радиостансияи давлатӣ — «Радио насионал» ва 16 радиостансияи хусусӣ дорад. Стансияи телевизиони «Телевисиои Серро- Кора» хусусист.

Адабиёт. Адабиёти Парагвай ба забонҳои испанӣ ва гуаранӣ инкншоф меёбад. Дар давраи мустамлика будани Парагвай (аз ибтидои асри 16 то ибтидои асри 19) адабиёти хаттӣ тақрибан вуҷуд надошт. Асосгузори лирикаи ватандӯстӣ Н. М. Талавера (1839—1867) аввалин шоири романтик буд. Охири асри 19 нависандагони маърифатпарвар ба майдон омаданд. Дар ибтидои асри 20 ғояҳои маърифатпарварӣ мавқеи муҳим ишғол не­муданд ва дар ин бобат фаъолияти яҷодии шоирон X. Э. О’Лири, М. Ор­тис Герреро ва дигарон ҷолиби диққат аст. Шоир X. Корреа (1908—1954) ба драматургияи миллӣ саҳми арзанда гузошт. Солҳои 20 асри 20 насри бадей инкишоф ёфт. Романи А. Роа Бастос «Фарзанди одам» (1960), ки аз қисмати халқ ҳикоят мекунад, дар адабиёти Парагвай воқеаи муҳимме гардад. Тартиботи диктатураи ҳарбӣ-политсиягӣ нависандагони Парагвайро водор менамояд, ки дар хориҷа зиндагӣ кунанд.

Меъморӣ ва санъати тасвирӣ. Дар байни қабилаҳои ҳиндиёне, ки дар территорияи Парагвай умр ба сар бурда, бо сайди моҳӣ ва деҳқонӣ машғул буданд, аз қадимулайём санъати дар сафол ва либос партофтани гулу нақшҳои ранга маъмул буд. Дар давраи мустамлика будани Парагвай меъморон — зоҳидони католикӣ даҳҳо бошишгоҳҳои қуҳандиздор бино карданд. Асрҳои 17—18 бо услуби барокко ибодатхона ва калисоҳои сангин сохта шуданд. Шаҳрҳои Парагвай бо шакли росткунҷа бино ёфта, одатан ду майдон (дар яке калисо, дар дигаре ратуша) дошт. Баъди ба даст овардани истиқлолият шаҳрҳои Парагвай аз нав сохта шуданд, бо услуби класситсизм ва Эҳёи италиявӣ қасру биноҳои ҷамъиятӣ бино ёфтанд; сохтани биноҳои истиқоматии 2—3 қабатаи сангин бештар аҳамият пайдо кард. То соли 1945 дар санъати меъмории Парогвай неок­ласситсизм ҳукмрон буд.

Баъди 1945 дар Парагвай биноҳои замонавӣ, саноатӣ ва истиқоматӣ ба вуҷуд омаданд. Аввалин рассомони маҳаллӣ (манзаракаш С. Риос, портреткаш А. Гарсиа) дар миёнаи асри 19 дар асарҳои худ ҳаёти халқиро инъикос карданд. Дар асри 20 ҳаёт ва таърихи халқ дар эҷодиёти рассом Алборно, ҳайкалтарош В. Поляроло инъикос ёфтааст. Тӯрбофӣ, сохтани ҳар гуна ҳайкалчаю зарфҳои гилӣ, асбобҳои устухониву чӯбӣ, гарданбандҳои нуқрагину мисин ва дигар касбу ҳунарҳои анъанавии халқӣ тараққӣ кардааст. Санъати худи ҳиндиён (химчабофӣ, кулолӣ, аз пари мурғ сохтани ҳар гуна ас­бобҳои ороиш ва ғайра) низ боқӣ мондааст.

Мусиқӣ. Дар байни ҳиндиёни гуа­ранӣ суруду рақсҳои динӣ, ҳарбӣ ва маросимӣ аз давраҳои қадим маъмул аст. Сурнаю нақора, шақшақа ва ғайра асбобҳои мусиқии миллианд. Дар байни креолҳо анъанаҳои мусиқии Европа ривоҷ ёфтааст. Маданияти мусиқии касбӣ аз чоряки дуюми асри 19 рӯ ба тараққӣ ниҳод. Охири асри 19— ибтидои асри 20 дар Парагвай аввалин муассисаҳо, ҷамъият ва ассотсиатсияҳои мусиқӣ ташкил шуданд. Дар Асунс­он омӯзишгоҳи педагогии мусиқӣ ва чанд мактаби мусиқии хусусӣ ҳаст.

Театр. Таърихи театри Парагвай асосан аз асри 16 оғоз меёбад. Дар миёнаҳои асри 16 намоишҳое ба саҳна гузошта шуданд, ки мазмуни динӣ доштанд. Театри миллӣ дар миёнаҳои асри 19 рӯ ба тараққӣ ниҳод. Соли 1958 дар Асунсион аввалин бинои театр сохта шуд. Дар миёнаҳои асри 20 театри гуаранӣ тараққӣ кард. Тартиботи ҳарбӣ-политсиягие, ки ҳоло дар мамлакат ҳукмфармост, ба равнақи санъати миллӣ имкон намедиҳад.

Ад.: Гони оиский С. А., Очерки новейшей истории стран Латинской Аме­рики, М., 1964; Нито бург, Э. Л., Па­рагвай, М., 1964; Ромеро д.. Родники парагвайской поэзии, дар мачм. «Проб­лемы идеологии и национальной культу­ры стран Латинской Америки»», М., 1967.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …